Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба вуҷудам гармӣ давид, ба назарам кам-кам дарди шикам зер мехӯрад, сарам вазнин, чашмонам аз гаронӣ оҳиста-оҳиста пӯшида мешуданд. Ман лаҷоми аспи хаёлотро сар додам.

— Мана хоҳаракам, ҳа нагуфта ту ҳам арӯс шудӣ. Муборакбодии ин рӯзи нек! — Чиро лабу лунҷат овезон? Хурсанд нестӣ? Чӣ, ман? Ман ҳам гириста будам, лекин на мисли духтароне, ки рӯзи арӯсиашон зоҳиран гиряву дар дил шодӣ мекунанд. Аз таҳти дил гиря карда будам, ки бо дастони худам дари хонаи падарро ба рӯям бастам, бо ихтиёри худам аз баҳри зодгоҳи ба ҷон баробар баромадам.

Ман бори гарони ҷудоиро рӯзи никоҳ амиқ дарк кардам, то он вақт ҳамааш бозии бачагонае метофт, ки баъди чанде анҷом меёбад ва ҳатман бо дилхӯшӣ анҷом меёбад.

Аз он рӯз то ба ҳол тамоми аъзои баданам кам-кам об мешавад, дилу ҷигарам пора-пора мегардад.

— Ту ба ихтиёри худ рафта будӣ-ку.

— Чӣ гӯям ба ту. Аввал нияти гурехтан надоштам. Мехостам, худро ба дарё афканам, то якбора аз ҳамааш халос шавам. Ману Ҳакимҷон кайҳо ба ҳам дил дода будем. Хабари “банд шудани сари ман” ӯро қариб аз ақлу ҳуш дур сохт, охир вай ба назди падару модараш — ба шаҳр рафтагӣ, бо маслиҳат ба хонаамон хостгор фиристоданӣ буд.

Вай ҳатто худаш бо падарам вохӯрдан хост, то ки он кас ба хотири меҳру муҳаббатамон моро бадбахт накунанд. Вале ман ба ин розӣ нашудам. Зеро ин боиси қаҳру ғазаби падарам мегашт, он кас маро зинда ба зинда мегӯронданду тоқати шунидани ин гапҳо намекарданд.

Ман ба Ҳакимҷон қарори охиринамро гуфтам. Вай маро сарзаниш кард, буздилу тарсу гуфт. Ва... ва таклифи гурехтан кард. Чандин рӯз ман дар миёни обу оташ будам, ба як қарор омада наметавонистам. Оқибат назди холаи Нигор рафтам. Вай фикри Ҳакимҷонро тасдиқ кард.

— Наход? Вай аз гурехтанат бохабар буд? Чаро ба модарам оҳиста гӯшрас накард, ки обу адо нашавад?

— Намедонам. Шояд ӯ дуруст карда бошад. Холаи Нигор гуфт, ки агар ту худкушӣ кунӣ, бешак номат догдор мешавад.

пешина
аз 120
навбатӣ