Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Таъбири хобамро намедонистам, аммо дилам сиёҳ шуд. Чаро ба қаҳри лой фурӯ рафтам? Сиёҳӣ зер кардагист.

Берун баромадаму дилам равшан шуд. Офтоби ҷаҳонтоб саховатмандӣ мекард. Гӯиё кусури борони якҳафтаинаро мебаровард. Аз замин сари девор, бому бомгӯшаҳо – аз ҳама ҷо бӯғ мебаромад. Ҳавлиро бӯи аҷибе фаро гирифта буд – бӯи фалла медод он.

Аз афташ, мурғ ҷег назада акоям лой хобонидааст. Имрӯз рӯзи истироҳат, зану шавҳар ба кор нарафтанд. Янгаам ба танӯр оташ мемонд. Модарам гӯсолачаи навзодро дар офтобрӯя шир медод.

Аз он рӯзе, ки маро ба писари амаки Қозӣ фотиҳа карданд, тақсимоти корҳои рӯзгор ба тарзи дигар шуд. Ҳама мехостанд, бо баҳонае кореро аз дастам гиранд. Ин пагоҳӣ ҳам то хестанам қариб ҳамаи “ҷунбуҷули рӯзонаи ман” саранҷом гашта буд.

Баъди ношто ҳама ба ҳавлӣ баромадем. Акоям ва янгаам сангу лой кашонданӣ шуданд, намондам, янгаам одами вазнин охир. Ман як тарафи занбарро бардоштам. Падарам пойдевор кашиданд. То нисфирӯзӣ ними деворро бардоштем. Модарам моро ба нонхӯрак чег зад. Лекин ман сари дастархон рафта натавонистам. Ба хонаи янгаам гузаштам. Миёну шикамам сахт дард мекард. Янгаам аз пасам омад.
– Чӣ шуд ба шумо? Чаро рангатон кандагӣ?

Вай ба ҷавобам интизор нашуда, бистару болишт партофта маро хобонд.
– Шамол хӯрдагистед, ман ҳозир хонаро гарм мекунам.

Модарам хӯроки маро ба ҳамин ҷо овард. Дилам чизе намехост. Даҳонам талх буд.
– Келин, тохта рафта кампири Нигорро чеғ занед, як бинад Нориҷона.

Кампири Нигор дар хонааш набудааст.
Ба сандалӣ лахча андохта бистарамро ба як кунҷаки он кашиданд.
– Лахчаи ҳезуми зардолу ба ҳазору як дард даво. Поятро ба сандалӣ андоз, тамоми ғубори баданатро кашида мегирад, – гӯён модарам баромада рафт.

пешина
аз 120
навбатӣ