Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
— Кори ҳайра пешаш пеш-дия. Ҳар як рӯз ғанимат, занак. Нағзаш, ту ҳамсояҳо ба ёрӣ чеғ мезадӣ, дасту ба даст саранҷоми қората меёфтӣ.
— Ҳамсояҳо хуб ёрӣ доданд, абошад, ҳунари худам буд, ки ҳамин қадар кӯрпаю ҷомаро дар андак вақт дӯхта шавам.
Ман сарамро намебардорам. Мехоҳам падарам аз хона зудтар бароянд, шарм медорам.
— Борон бас мекард, лой хобонда гирду атрофи ҳавлиа ба тартиб медаровардем. Аз мобайн девор гирифта огилу кахдона аз ҳавлӣ ҷудо мекардем.
— Ҳа, дар баҳор борони тирамоҳ барин ҳай дуру дароз зад-дия.
Тарафи бегоҳ абрҳои тира пароканда шуданд, пас аз соате осмон каб-кабуд гашту шафақ сӯхт.
Ман аз хоб дертар хестам. Худамро ланҷ ҳис мекардам. Шикамам сим-сим дард мекард. Рӯи ҷоғаҳ хоби шабдидаамро як-як ба хотир овардам:
Ману Зебӣ дар кӯчаи беодам метохтему метохтем. Ҳаво гирифта шамоли сахт хеста буд. Боди тез сару рӯи моро месӯзонд. Ногоҳ аз пеш кӯҳи баланде намуд. Дар қуллаи кӯҳ Аскар пайдо шуд. Вай моро тарафи худ ишора мекард. Апаам ҷониби дигар рафт. Ман чӣ кор карданамро намедонистам ба кӯҳ бароям ё аз паси апаам равам? Яке дидам, ки дар сари кӯҳ Аскар неву Сангин истодааст. Ба тарафи ман меояд, ба сӯям даст дароз карда буд. Ман ҷонибе, ки Зебӣ рафта буд, нигоҳ кардам, касе нест. Ба роҳи омадаам гаштам ва хостам, гурезам, вале пойҳоям гӯиё ба замин сиреш шуда бошанд, қадамзанӣ душвор буд. Суроби Сангин лаҳза ба лаҳза наздик мешуд. Маро даҳшат зер мекард. Дод гуфтанӣ шудам, аммо овозам намебаромад. Ва хушбахтона, жарфное ёфтаму худро даруни он афкандам. Чоҳ бетаг буд магар, ки ҳеҷ поям ба замин намерасид. Сангин доду фарёд бардошт, аз одамон имдод мехост, вале ман хурсанд будам, ки аз дасти вай халос хӯрдам. Оқибат ба майдоне омада задам ва ба боло чашм партофтастам. Аскар бо нигоҳи ғамангез ба ман менигарист. Ман шодикунон ба вай даст дароз кардам, лекин дастам намерасид, лои сирешак маро дам ба дам ба қаъри худ мекашид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё