Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
Занак ба шохи говаш банд андохта пеш кашид.
Асп дар ҷуворизор ҷавлон мезад. Абдукарим сӯи вай сангу кулӯх ҳаво дод, гӯиё аламашро аз ҳайвони безабон мегирифт.
Сари роҳ газеки раис вохӯрд. Абдукарим раисро ҳайрон монанда лаҷоми аспу тозиёнаро ба дасти ронандааш дод.
— Маъзарат мехоҳам, раисбобо. Аз ӯҳдаи посбонӣ набаромдам. Рӯз бегоҳ нашуда каси дигарро ёбед. Ман аввал дару дарвозаи худамро нигаҳбонӣ кунам.
Вай ба ҷавоби раис мунтазир нашуда ба роҳ даромад. Қадам намезад, гӯиё мепарид, то ба хона ҳарчӣ тезтар расида тамоми дарди дилашро ба сари занаш резад. Ба ҳамон зане, ки духтар зоида, ба воя расондааст.
— Занак! Ҳо занак! Куҷо гум шудӣ? — ҳанӯз аз таки дарвоза додгӯён ҳамсарашро чеғ зад Абдукарим.
— Лаббай, мардакҷон. Ана ман.
— Дар хона чӣ кор мекардӣ?
— Ҳамон локу пари духтаратона...
— Ман ин ту духтар надорам. Оқ кардам! Оқ кардам!
— Аз даҳонатон шамол барад. Ин ту нагӯед! Ягон кас нашунавад!
— Шунавад, тамоми дунё шунавад. Ман Зебо барин духтар надорам, оқ кардам! Чор нафар не, се нафар дорам!
Як ҳафтаи дароз борон борид.
Рӯзҳои боронию дилбазан буданд. Акоям бо занаш тамоми рӯз дар фабрика, ман бо нишондоди модарам бари куртаҳои тайёрро мехобонам, ба поҷомаҳо шероза мечаспонам. Инҳо либосҳои арӯсии мананд. Ба ду тахмони хонаи калонамон кӯрпаву кӯрпача, лӯлаву болиштҳои қиматбаҳо тахт зада шуданд. Дар рӯзҳои наздик арӯсӣ барпо мегардад. Падарам он рӯзро бо саросемагии зиёд интизоранд. Метарсанд, ки то рӯзи мукарраршуда дӯхту дӯзи модарам анҷом наёбад.
— Ҳеҷ гап не, духтардора нозаш бисёр, мегӯянд, — модарам бепарвоёна тӯби шоҳиро медаронад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё