Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Ҳоше, сари соҳибата хӯр, хош мегӯм!
    Гови чанбаршоҳи ало бар қасди хоҳиши мардак худро ба дарунтари ҷуворизор зад.
  • Ҳе, сабил монӣ, - ӯ лаҷоми аспро кашид ва пиёда шуда модаговро думбола гирифт.
  • Мана ба ту! Мана ба ту!
    Зарбаи беисти тозиёна ҳайвонро девона намуд, вай гоҳ ба чапу гоҳ ба рост тохта, киштро пайҳон мекард.
  • Ҳой, ҳой, ваҳшӣ шудед, магар? Басе!
    Ин овоз мардакро каме ба худ овард, сару рӯи суп-сурхи арақшорашро бо остини яқтаҳаш поккунон ба сӯи соҳиби овоз рӯ овард.
  • Ҳа, ин тӯй, Саодат? Ба гумонам, замини колхоза бедарвозаву кишташа бесоҳиб медонӣ-а?
  • Инту нагӯед, як шудааст-дия. Ҳайвони безабона ҳамин зайл мезанед? Инсоф доред?
  • Ин қадар ба ҷонам нарасону оши каварата пеш андохта, гум шав!
  • Гапа медонам, гуфта аз худ наравед. Занҳо барин ба забон зӯр надиҳед, айб мешавад.
  • Намебинӣ, ки ҳамин қадар кишт ба замин яксон шуд. Товонашро кӣ медиҳад. Ман - посбон. Аз ман мепурсанд. Ин ҷо бедарвоза не.
  • Шумо, Абдукарим - посбони кишти колхоз. Колхоз бедарвозаву ҷувориаш бесоҳиб не. Инро ҳама медонанд.
  • Донӣ, шохшикастаатро пешандоз кун!
  • Лекин як мани гаранг инро намедонистам, гумон кардаам, ки замини колхоз ҳавлии шумо барин бедарвоза. Ин шохшикаста паршикастаи шумо барин бероҳа шудааст. Мана, ба модаговам зӯри ман мерасад. Вой бар ҳоли шумо, ки аз ӯҳдаи ғундоштани ғуночинатон набаромадед!
  • Чӣ-й?! - ранги рӯи Абдукарим докавор канд.
  • Рангатонро наканонеду беҳтараш аз паи байталатон шавед, ин ҳам бероҳа шудагӣ барин.
пешина
аз 120
навбатӣ