Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

ба миён дароварданд. Аммо дили санги шумо нарм нашуд, ки нашуд. Бечораҳо ноумед рафтандӯ сурхабар фиристоданд...

— Бас!!!

Мардак ба девор такя намуда сахт чашмонашро пӯшид. Ҳис кард, ки ду чаккааш лук-лук ба дард даромад.

“Ба инҳо гап фаҳмондан душвор будааст. То ҳол маро фаҳмидан намехоҳанд. Гумонашон, ба ман осон. Охир ман мард ном дорам, мард! Чӣ хел имрӯз як гап гуфта, пагоҳ аз гапам мегардам!

Оҳ Зебӣ! Зебӣ! Ту ба падарат чиҳо кардӣ? Сарашро ҳам, беобрӯву беқадр кардӣ. Магар як марди бегона барои ту аз падару модар, аз додару хоҳар ва ёру диёр азизтар шуд? Охир ту доимо гаправу ҳалим будӣ. Ба роҳи шайтон рафтӣ? Шайтон аз роҳ баровардат? Пас чаро мактуб навишта, бо ихтиёри худам рафтам, гуфтӣ?

Агар ту норозигиатро мефаҳмондӣ, ман ба Қуддус туро доданӣ мешудам? Дар хат навиштаӣ, ки шумо маро фурӯхтан хостед. Гапата бин-а. Чор-панҷ сӯме, ки домодшаванда медод, оши якумриям мешуд-чӣ?.. Баръакс аз худам илова карда ба ту порчаву пора тайёр мекардам, бо орзуву ҳавас мегуселонидам.

Исто, ту гуфтӣ, ки ман духтарфурӯхтан мехостам. Ин тавр бошад, чаро хешу табори дилдодаат ҳам дили маро бо пули калон гарм кардан хостанд? Ҳо, ту маро пушти по зада домани шаҳриеро гирифта рафтӣ, бо гуфти худат “банди кӯҳнапарастиро пора карда, ба дунёи равшан баромадӣ”, маро дар доғ мондӣ. Пас аз чӣ сабаб ба миён одам мондӣ? Фикр накардӣ, ки бо ин қорат худат худата ба бозор андохтӣ?

Ту табиати маро медонистӣ, ба иззати нафсам расанд, даҳчанд якрав мешавам. Ман “хостгор”-ҳои туро рондам. Беобрӯ карда рондам, албатта. Сонӣ ба ҳоли модарат дилам сӯхт. Бо маслиҳати раиси раҳматӣ каме пасандозамро сарф намуда хароҷот кардам, бо чор-панҷ кас ба шаҳр рафтани шудем, то зиёфате ороста ба ту фотеҳа диҳам, лекин он рӯзи таъинӣ рӯзи наҳсе будааст, ки воқеае рӯй доду раги якравиям боз тарангтар кашида шуд”.

пешина
аз 120
навбатӣ