Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Мудом ман пойгоҳнишину кадом як беаслу насабҳо садри давра.

Ту кӯдак нестӣ, аз хотир набаровардагистӣ, ки як вақтҳо Абдукарим кӣ буд! Дар деҳа “як ман” мегуфтам. Ба касе гап намедодам. Ҳамааш аз паси китоббозии сарсиёҳат ба бод рафт! Имрӯз ҳар сагу пишак сӯям нописандона нигоҳ мекунад. Албатта ба духтару писаронашон дар мисоли мо насиҳат мехондагистанд; ки онҳо сари волидонашонро ҳам накунанд.

— Ҳамаи ин фикрҳо аз дилу нияти бади худатон меояд. Ҳоло замона дигар шудааст, духтару писарон соҳибихтиёр, ҳама мефаҳманд, ҳеҷ кас шуморо таъна надааст, ки...

— Чаро забонатро газидӣ? Давоми гапатро гӯй. Ана дидӣ, ба забон овардани номи наҳси он оқипадар чӣ қадар душвор! Боз ба ман осон медорӣ.

— Мегӯям, ки худатон худатонро аз маъракаву маҷлис дур мегиред. Ҳеҷ кас шуморо аз қатор набаровардааст. Баъди ҳамон воқеа шуморо саркори бригада интихоб карданӣ шуданд, чаро розӣ нашудед? Аз мардум нанолед, худатона худатон кам мегиред.

— Ман бо кадом рӯй сардор мешудам? Ба кӣ гапам мегузашт? Ҳатто посбонӣ карда наметавонистам.

— Ҳа, натавонистед. Ҳамон вақт ҳама гап ба шумо буд. Метавонистед, ки бо никоҳ карда додани духтари раҳгуматон даҳони мардумро бандед.

— Бас! Духтарат нагӯй, ман ин гуна духтар надорам.

— Бале, бо ин гуна духтар надорам гуфтан гӯё санги маломатро аз сар дур андохтанӣ шудед. Лекин аз ин чӣ бурд кардед? Баръакс, зери маломат мондед. Раиси раҳматӣ дуруст гуфта буд, ки “Абдукарим, бо ин якравиат ҳам дилу ҷигари худат ва ҳам оилаатро об мекунӣ. Медонам, ту мард ҳастӣ, аммо боз як мардигарӣ кун. Ба духтар фотиҳаи нек деҳ”. Худатон гӯед, шумо гапи раиси барин шахси мӯътабара гирифтед? Не. На гапи ӯро гап кардеду на гапи дигар рӯру дӯстонатон. Ба назаратон ҳама душман намуд.

Одамони он тараф (кампир тарафи андаҳоро гуфта наметавонист) чанд рӯз меҳмонхонаи колхозро иҷора гирифтанд. Казоказоҳоро

пешина
аз 120
навбатӣ