Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Замон дигар шудааст, одамон дигар шудаанд. Ин кас бошанд, метарсанд! Тавба.
– Ҳой, чаро пешхезӣ мекунӣ, ман чӣ гуфтам, ки ту ин қадар доду фарёд мезанӣ? Ман гуфтаниам, ки... Ман аз чӣ метарсам, медонӣ? Метарсам, ки лашу луши ҷамъкардаат дар сандуқат пӯсида мераваду ману ту ба мақсад расида наметавонем. Ана гап дар чӣ!
– Пӯсад, пӯсидан гирад, дар ин даргоҳ чизи натосида намондааст, аз ҳама ҷо бӯи заҳу мағор меояд.
– Занак!
Кампир хап шуд. Медонист, ки аз ҳад гузарад, хуб намешавад. Ку, мардакаш боз чӣ гапҳое мегӯяд?
– Ба очаам харидор ҳаст.
Вай Нориро баъзан дар вақти қаҳраш рафтан “оча” гуфта ном мегирифт, зеро Норӣ номи модари ӯро дошт.
– Намепурсӣ, ки вай кӣ шудааст? Ин пагоҳӣ Қозӣ сари роҳамро гирифт. “Абдукарим, – мегӯяд ӯ, – дилам ғуломии даргоҳи туро мехоҳад”.
– Ба кӣ хостгорӣ мекунад?
– Ба кӣ мешуд, ба писараш.
– Ба писари девонааш?
– А?!
– Кӣ гуфт, ки вай девона? Ҳамту камтар думбултабиат. Лекин вай ба кори худ хушёр. Қозӣ мегӯяд, ки тамоми оилаамро ҳамун мехӯронаду мепӯшонад. Дар ҷои серравған кор мекунад.
– Ҳе, медонам, ҳаммоли селпо.
– Лабатро качу килеб карда одама паст назан, занак, майнаатро кор фармо, духтар кайҳо ба қад расида буд, худат имон биёр, то ҳол аз писари Қозӣ дида муносибтар талабгоре буд?
Не! Чӣ рангат меканад? На-ме-о-яд, фаҳмидӣ?
– Ба Норӣ саг расидааст-чӣ?
– Не, на ба Норӣ, балки ба ин хонадони қасофатзада понздаҳ сол пештар саг расида буд! Халқ аз хотир набаровардааст, ҳоло ҳам ман дар ягон маъракаву маҷлис сар бардошта наметавонам.

пешина
аз 120
навбатӣ