Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Биллоҳ, рост мегӯм...
  • Хайр, шуд, девона...

  • Оҷааш, ба Норият як бало шудагӣ-чӣ?
  • Аз даҳонатон шамол барад, ин чӣ гапи гуфтагиатон?
  • Ту модар шуда ҳеҷ аз паи фарзандон нашудӣ, нашудӣ. Як ӯро ба муллову табиб нишон деҳ. Гашташ савдоиҳо барин. Худ ба худ ғур-ғур гап мезанад. Касро бинад ягон гуноҳ кардагӣ барин чашмонашро гирифта мегурезад. Дилам аз вай дар ташвиш.
  • Ин хел бошад, камтар сахт расед, камтар занед. Ду-се рӯз пеш қариб кушта будед. Ба сараш задед. Аҳвол ҳамин бошад, девона шуданаш ҳеҷ гап не. Боз ҷонаш аз санг будааст, ки...
  • Бас. Бисёр ҷоғ назану як маслиҳат кунем, занак.
    Кампир рӯ ба рӯи мардакаш шишт. Чеҳрааш коҳидаю хаста буд. Аз ранги рӯ ва ғабғаби як вақтҳо ҳавасангезаш имрӯз нишоне намонда, ожангҳои қат-қат ва мӯйҳои сап-сафедаш ҳусни ӯро тира гардонда буданд.
  • Гап ин ту, занак. Синну соли духтар ҳам ба як ҷо рафт. Аллакай чор сол пур мешавад, ки мактабро хатм кард.
  • Вай як сол пеш ба мактаб рафта буд.
  • Фарқаш чӣ, ҳоло синну соли духтаронро аз рӯи мактаб ба ҳисоб мегиранд. “Ба чанд даромад?” Не, “Кай даҳсоларо хатм кард?” мегӯянд.
  • Шумо чӣ мехоҳед?
  • Гӯиё гӯлу гумроҳ бошӣ. Вақташ расидааст, ки духтарро ба соҳибаш супорем.
  • Муносибаш барояд, ман не мегуфтам?
  • Агар ин дафъа ҳам интизори муносибе чашм ба дарвоза дӯзем, метарсам, ки...
    Кампир дар хавфи он, ки мардак боз борони маломат ба сараш мерезад, гапи ӯро бурид ва як парда баландтар истод.
  • Аз чӣ метарсед?! Шумо ҳеҷ ба гирду атроф назар меандозед?
пешина
аз 120
навбатӣ