Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан- Чува метарсӣ? Додот ҷанг мекунад?
- Хайр, мехонӣ ё не?
- Аввал худат хон.
- Хайр, гуфти ту шавад.
Ин боми баланда мебуроям, ба ту чӣ?
Бо нозу карашма мефуроям, ба ту чӣ?
Аз шаҳду шакар ширин лабонам, ба ту чӣ?
Аз мушкаи сиёҳай абрувонам, ба ту чӣ?
- Қандата зан, духтари Абдукарим! Акнун то бас нагӯӣ, ман мехонам.
Дар пастаки бом будаму ҷангам кардӣ,
Ман навчаи сев будаму ҷангам кардӣ.
Ман навчаи сев будаму ҳамам ғӯра,
Тармарг шавӣ, ки ноумедам кардӣ.
Аз ҳамгашти кӯча сояи марде намудор гашт. Норӣ номаълум худро аз чашм дур гирифт.
- Ҳа балое, бо ин овозу ин рубоидониҳо чӣ девонавор мегардӣ? Ҳофиз шав. Ҳо, аз ту ҳофизи хуб мебарояд. Аз Тоҷию Сайфҷаи тӯйгард обрӯят баландтар мешавад. Дар сари боми оғири Абдукарим моҳ дидӣ, девона, ё ба гӯши гову гӯсолаҳои мардак азон мехонӣ?
- Мана девона мегӯӣ, акои Ғуфрон, лекин худат девона, намебинӣ ки дар сари бом моҳ не, духтари моҳсурати Абдукарим аст.
- Хезӣ, ки хобат.
- Норӣ!
Сангини моту маҳбут ҳеҷ фаҳмида наметавонист, ки духтарак кай ғайб задааст. - Норӣ, - такрор кард ӯ, - ин тараф нигоҳ кун, руст нашав, гӯй ки ҳардуямон навакак суруд мехондем. Биё, шарм накун, ин мардак ба гапам ҳеҷ бовар намекунад.
- Ҳа-ҳа-ҳа!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё