Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

тарит хобон ва гову гӯсоларо ба оғил даровард. Гӯсола худро ба тарафи модагов зад. Духтарак бо азобе танобро ба сутун андармон сохт ва оҳиста-оҳиста гӯсоларо аз очааш дур кард.

— Ман апаамро бештар дар гирду атрофи оғилу коҳдон медидам, паст-паст мехонду бо хорҷорӯб пасу пеши чорпоёнро хорумол мекард. Он вақт бузу гӯсфанди зиёд доштем, ду-се гов ҳам. Мо, додару хоҳарон дар хонаи дарун мехуфтем, падару модарамон дар даҳлез. Ҷои хоби акоҳоям тарафи тирезаву аз они мо, духтарон пешгах буд. Дар ёдам ҳаст, ки шаби охирин апаам ҷойгаҳи моро назди тиреза андохт.

— Апаҷон, афсона гӯй.

— Дам шин, ки аз тиреза алобучҷӣ меояд. Тез чашмонатро пӯш.

Ман чашмонамро сахт пӯшидам. Дастонамро ба гардани апаам ҳалқа андохта рӯямро ба рӯяш чафс кардам. Вой, чува рӯйи апаам тар, мегиряд-чӣ?

— Апаҷон...

— Овоз набарор, агар не...

— Ман дам ба дарун кашидам.”

Ман садқа шавам ду чашми мастонаи ту,
Ду чашми сарам мудом дар хонаи ту.
Як гап назадӣ, ки дили ман сард шавад,
То канда шавад пои ман аз хонаи ту.

Норӣ соҳиби овозро шинохт. Вай – Сангини шамолрасидагӣ. Овози хуше дорад ӯ. Доимо аз кӯча апӯлахонон мегузарад. Сурудҳое мехонад, ки ба девонагиаш кас бовар намекунад. Аз куҷо медониста бошад ин қадар шеъра.

Суруд гоҳ пасту гоҳ баланд садо медод. Норӣ боми оғил баромад.

— Ҳой, Сангин. Ку, боз хон-чӣ.

— Аввал худат хон. Суруди ишқӣ хон. Дар ҳаққи ман хон.

— Ҳо девона-е, дилакат боз чиҳо мечӯд?

— Ҳа, ман девона, ман девонаи ту.

— Бас кун, ҳама мешунаванд. Айб аст.

пешина
аз 120
навбатӣ