Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
— Гиря накун, Нориҷон."
— Ҷавонмаргзеби Нори!
— Лаббай, додоҷон.
— Мурдӣ-чӣ, чеғ занам, ҷавоб намедиҳӣ.
— Камтар ғанаб...
— Дар рӯзи равшан хоб кардӣ? Шарм намедорӣ? Тез таги молу ҳола тоза кун.
Духтарак зуд ба оғил рафт. Гову гусолаҳоро, ки дар рӯзҳои зимистон ба подаҷо намерафтанд, берун баровард ва бел ба даст гирифт.
“Хоб дидам ё хаёлот бурд? Ҳар чӣ буд, рӯяшро возеҳ дидам, тару тоза, ҷавон, зебо. Пештара барин. Худаш мегӯяд, ки пир шудааст. Акоям ҳам гуфта буд, ки вай тамоман пир метобад. Вақти дар шаҳр хонданаш боре аз ҳама пинҳонӣ хонаи Зебӣ рафта буд. Онҳо ҳамдигарро қариб нашинохтаанд. Апа-ам он вақт панҷ фарзанд дошт. Ҳоло соҳиби ҳашт духтару писар. Инро ҳам ман аз акоям фаҳмидам.
Боре ӯ бо коре маркази ноҳия рафт. Димоғсӯхта баргашт. Сабаб пурсидам.
— Зебӣ ҳашт фарзанд доштааст.
— А? Аз кӣ фаҳмидӣ?
— Дар чойхонаи ноҳия бо ронандае ҳамсӯҳбат шудам. Вақти сӯҳбат фаҳмидам, ки ӯ куҷоист. Сонӣ, гӯиё дар омади гап пурсидам, ки аз деҳаи мо Зебӣ ном духтар ба тарафҳои шумоён рафтагӣ. Намешиносед? Мешинохтааст. Гуфт, ки вайро ҳама мешиносанд, зани директори мактаб. Зиндагиашон хуб, ҳашт фарзанд дорад.
— Баъд чӣ шуд?
— Ҳеҷ гӣ не.
— Ҳамааш ҳамин? Барои чӣ нагуфтӣ, ки додари Зебӣ мешавӣ? Ҷиро салом расон нагуфтӣ? Тарсидӣ?! Шарм кардӣ?!
— Феъли додома медонӣ-ку.
— Ту аз чӣ метарсӣ, охир, мардӣ! Ман барин не. Боз додом нисбат ба писарҳо сахтгир нестанд...
— ..."
Духтарак ба охурҳо кам-кам коҳбеда андохт. Ба тағораҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё