Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
Майнаам равшан шуда буд. То доғ шудани равған бо ӯ будан хостам. Вай пойҳояшро ба зарби оҳанги шӯх якфом ҷунбонда албоми суратҳои маро тамошо мекард. Ман албомро аз дасташ гирифта як сӯ гузоштам ва аз миёни нозукаш доштам. Вай дастонашро ба гарданам ҳалқа кард. Бесухан мерақсидем, аз лабони ҳамдигар шаҳд мечашидем, то оҳанг ба охир расид. “Ман ҳозир” ҳадаҳа ба ошхона гузаштам. Рӯган дуд мекард. Гӯшту пиёз андохтам. Дари берун оҳиста ғичиррос зад. “Дастшӯйӣ баромад”, — аз дил гузаронидам.
Пас аз чанде дар як даст табақи кабобу дар дасти дигар шишаи шароб дар лаб мисраъҳои Хоҷа Камол вориди хона шудам:
Салсабили мову хур инак ба нақд,
Соқии гулбӯ шароби лоларанг.
Духтар ҳанӯз дар берун буд. Зуд мисраъро бо нақлу наво оростам. Ҳеҷ не, ки вай гашта биёяд. Ба даҳлез баромадам. “Уҳу, уҳу! Зуд бошед, кабоб хунук мешавад” — садо кардам ман. Касе ҷавоб надод. Яке ба либосовезак чашмам афтод, боронии духтарак он ҷо набуд. Берун тохтам. Занҷири дарвоза меҷунбид. Вале ӯ дар кӯча наменамуд. Борон бошиддат мерехт. Тозон ба гардишгоҳ расидам. На пай буду на Ҳайдар. Ҳанӯз батамом умед барнадошта будам. Боз ба ҳавлӣ баргаштам ва бо сад истиҳола дари ҳоҷатхонаро задам, садое набуд. Ба хона даромадам. Шояд ӯ шӯхиву бозӣ мехоҳад ва аз сари ноз ҷое пинҳон шуда маро месӯнонад.
“Магзор маро ба ноз, агарчанд,
Хуб ояд ноз нозанинонро”
— Гила кардам ман.
Аммо ӯ на дар паси ҷевон буду на дар таги кат. Яке зеҳн мондам, ки аз ҷевони либос як почаи шимам берун метофт. Охир ман онро росту ҳамвор ба ҷояш гузошта будам. Чун дари ҷевонро кушодам, ҳайратам афзуд: тамоми либосҳоям титу парешон буданд. Аҷабо... дар кисаи ман гӯиё муш бо асо мегашт. Чорсад сӯми муфт ғайб зада буд. Сахт хандидам. Ҳам ба ҳоли худу ҳам ба ҳоли он ҳаромнамак хандидам, ки луқмаи ҳаром рабуда буд. Ашки чашмро поккунон шишаи шаробро ба сар кашидам ва дуди тамокуро фағона занондам.
Ман боз ба вазъи пешин уфтодам. Балки ҳолам аз аввала бадтар гардид. Ба гуфти мардуми кордида ризо шудам, ки занро тухми шайтон меноманд. Оҳ, катбозони дағопеша!
Чун ба худ омадам, хешро сарзаниш кардам: “Хуб шуд туро, ки ба ранги майзадае илоҷи хумор ба ҳамр кардан мехостӣ. Зиҳӣ ҳамоқат!”
Борон якзайл меборид. Ҳеҷ пеши ҳаво кушода намешуд. Ман боз чашм пӯшидам. Пеши дидагонам суроби ҷуфте омад, ки сару рӯи якдигарро бӯсаборон мекарданд. Бечора, Шумсуддин... Аз ду чакаам торе таранг кашида шуд. Сарам луқ-лук ба дард даромад.
Оҳ, дӯстам, ту аз куҷо донӣ, ки он “кони сидқу вафо” ба ҷуз макқораи беҳаёе нест. Шояд ҳаргиз пай набарӣ. Бигзор ин рози ниҳон ошкорат нагардад, то зиндагӣ барои ту осон бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё