Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
Шояд даме, ки вуҷуди Умар Ҳофизро зарраҳои охири ҷон тарк мегуфтанд, вай медонист: кушандаи ҳунармандон, бадномкунандаи номи санъату санъаткорон, яъне Умари Дуздро ҳамчунин куштааст ва маҳв кардааст. Кушандаи Камолиддин ва падари вай Асомиддинро, кушандаи писари худаш Халифаро ва модари варо — зани дӯстдоштаро, ҳуллас кушандаи басо касҳои дигарро кушта буда Умар Ҳофиз.
Ҳуллас мурда мехобид Умари Дузд дар ҳалқаи дастон ва дар оғӯши Умар Ҳофиз...
Ё шояд маҳв шудани Умари Дуздро ҳанӯз намедонист корвонбошӣ ва дар ҳолати марг низ, ҳалқаи дасти азимаш гардани варо печонида ва дасти дигараш ҳамроҳи дасти Мирзои кӯчак асоро мефишӯрд ба гулӯи Умари Дузд ва гӯё аз асари ин ҳам зарраҳои боқимондаи хуни Умар Ҳофиз аз танаш ҳанӯз мезаҳид ва мечакид...
Бачаяк Мирзо низ ҳанӯз асоро раҳо накарда буд ва дастонаш ба он гӯё васл шуда, часпида буд, вале баробари ин баданаш меларзид ва гиря мекард. Ва барои падархонди бузургвораш, балки барои пушту паноҳи талафгардидаи худаш гиря мекард; ҳарчанд медонист, Умар Ҳофиз на танҳо қасоси санъаткорони Исфара, на танҳо қасоси писари дӯстдоштаи худаш Халифа ва зани азизи худашро, балки қасоси варо низ — қасоси Мирзоро низ ситонида аз Умари Дузд, балки аз шарри вай раҳонида ӯро... Бо вуҷуди ин ашк мерехт Мирзо. Ашк мерехт беист ва ларзон. Ва Умар Ҳофиз, ки азизи аз ҳама азизтари дилаш буд, азизтар шуда буд барояш.
Умар Ҳофиз мурда буд баъди маҳв кардани рақиби навову суруда ва мақому ҳунарҳо, яъне баъди марги Умари хунхора. Вале кӣ бовар мекард, ки дар ҳастии ин марди озурда ва аз бистари беморӣ чанде пеш бархоста, яъне Умар Ҳофиз чунин қудрат ва тавоной монда буда, ҳарчанд, вай Умар Ҳофиз буду ҳатто дар ҳолати набарди охиринаш ва дар ҳолати марги нобаҳангомаш амсоли худаш монда буд...
Ҷисми Умар Ҳофизро мебурданд ҷониби Исфара. Балки баъди аз кӯҳистони бероҳа фаровардан, дар нимароҳ, ба як ароба бор карда мебурданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё