Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ҷониби гулӯяш бурдан хост ва ин роҳи нафасгириро бештар танг намуд. Ё шояд инаш ҳам муваққатӣ бошаду асо аз дасти Умар Ҳофиз ҳамин лаҳза мефитад...

Вале бачаяк Мирзо пеш омада, ин асоро ҳамроҳи дастони сустшудаи Умар Ҳофиз сахттару чуқуртар тела медод ва ё тела додан мехост ба ҳалқу коми Умари Дузд...

Асо дарунтар мерафт ҳамроҳи забони Умари Дузд ба гулӯи вай.

Вале ҳанӯз оқибати кор номаълум буд. Балки номаълуми номаълум монда буд ва ба чӣ меанҷомид касе намедонист...


...Қорӣ Носиру дастааш ва аробакашҳо ва ихтиёриён ва милиционерҳо, ки чандин рӯз боз дар кӯҳистони Исфара овора ва сарсон буданд, ниҳоят расида буданд, балки дарёфта буданд гористони панаҳи миёни қуллаҳои азамати осмонҳарошро. Ва ин ҷо пайдо карда буданд ҷисмҳои мурда ва ё захмину нимаҷони чандин нафарро. Ҷисми одамони Умари Дузд буд ва чанд аробакаши корвони Умар Ҳофиз ҳам ба назар мерасиданд ин ҷо. Вале миёни ҷисмҳои нимагор Умари Ҳофизро дарёфта натавониста буданд омадагон. Умари Дуздро ҳамчунин дарё накарда буданд. Дар берун, аз гор дуртар ҷисми мурдаи Асомиддин метофт, ки ба хуни худаш ҷӯлида буд. Ва ҳамагӣ ҳайрон шуданд, ки чӣ хел Асомиддин ин ҷо пайдо шуда?

Омадаҳо ба огилу кашарҳои кӯҳнаву мавсимии паҳлӯи ҳам ҷойгирифтаи дур, яъне оғилхонаҳои дарун ба дарун ворид гардида, мерафтанд, то даме, ки дар ҷое, болои поруҳои тубкарда чизеро дида, ларзида, такон хӯрда истоданд.

...Умар Ҳофиз шахшуда метофт ва аз танаш хуни ҷӯшида ҳанӯз мезаҳид.

Вале зери тани вай, дар фишору ҳалқаи дастони оҳании вай яке беҳаракату беҷон буд, ки нуги асои оҳанӣ ба гулӯи ин нафар фурӯ рафта буд. Ва аз рухсори поруолуда ва хунолудаи вай бармеомад, ки Умари Дузд бошад. Мурда буд дар фишори ҳалқаи дастон ва дами асои ба гулӯяш ғӯтида вай.

пешина
аз 194
навбатӣ