Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
ЧАНД СУХАН ОИД БА ҲУНАРИ
НАВОГАРИВУ ОВОЗХОӢ
Дар Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, ки аз ҷониби Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов бо дурандешии хирадмандона ва ҷасорати хоси ҷавонмардона пешниҳод ва эълон гардид, назари амиқ афкандан ба саргузашти миллат ва Ватани бузурги аҷдодӣ, дарку дарёфти саҳми гузаштагони пуршарафи мо ба тамаддуни умумибашарӣ, қиёси он бо дастовардҳои халқу миллатҳои дигар ва зимни ин хулосабардорӣ ва ба насли оянда дастурҳои озмуда ва короянд пешниҳод кардан аз вазифаҳои наздиктарин ва муқаддаси мутахассисон, таърихнигорон, адибон ва ҳунарварони номдори кишвар маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз ба хонандагони нуқтасанҷ ва насли ҷавону наврас пешниҳод гардидани китоби мазкур ( «Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд»
ва ё «Навогарони як диёр»), ки ба риштаҳои басо нозуки санъатварӣ-ҳунари навогарию овозхонӣ, хоса ҳунармандони машҳури Исфарамарз бахшида шудааст, басо муҳим ва бамавриду рамзӣ мебошад.
Ҷои баҳс ва андеша нест, ки миллати куҳанбунёд ва соҳибҳунари тоҷик дар таърихи тӯлонии инсоният ва тамаддуни аҳли башар мавқеъ ва манзалати баланди ба худ хосро доро буд. Миллати созанда, фарҳангпарвар, адабгустар, илмовар ва комилгари тамаддуни хешу аҳли олам дар тӯли ҳазорсолаҳо ҷойгоҳи хосу муқаддаси худро дошт ва имрӯз месозад, тамаддуну таҳаввули давлатдорию сиёсатмадорӣ, офаридгорию созандагӣ, шаҳрсозию ҳунармандии онро ситоиш кунем ва адабиёту фарҳанги волои онро ба халқу миллатҳои дигар, бахусус насли ҷавони имрӯз муаррифӣ намоем.
Дар ин миён тамаддуни мусиқорӣ, навогарӣ ва овозхонии халқи мо таърихи пуршараф ва бемонанде дорад, ки на ҳар миллати маскуни рӯи заминро чунин бузургию шаҳомат насиб гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё