Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
будани ӯро медонад ва барои ҳамин барқасд ин ҷо нишастааст. Аз ин боис Умари Дузд бо як дасти ҳанӯз сиҳатмондаи худ, ки миёни поруҳо мегӯтид, аз гилофи камарбанди миёнаш корди тези дарозашро кашида, бароварду ба тахтапушти фарроҳои Умар Ҳофиз аз нав нигарист. Баъд корди дудамаро бо тамоми ҳастӣ ба ин тахтапушт зад.
Аслан бо чунин заданҳо якмарг мекард одамонро ҳамеша Умари Дузд. Балки ин дафъа сахту базарба зада буд бо корди дудамаи худ. Аз ин зарба Умар Ҳофиз бояд дам ба дарун мегашт, мефитод, ҷон ба ҷаббор месупорид, яъне рақиби ӯ бояд нест мешуд. Баъд Умари Дузд метавонист аз миёни поруҳо пурра берун шуда, писархонди Умар Ҳофиз — Мирзои Навозандаро низ дарёфта, даст гирифта, ангушту дастону забону гӯшҳои варо ниҳоят бурида тавонад ва хуни наврасу гарму баистеъдоди варо ошомад... Яъне ба ҳама орзуҳои дар зиндагӣ доштааш билохир мерасид бояд Умари Дузд.
Ва Умар Ҳофиз бошад майли ҳам хӯрда, фурӯ афжидан карда буд... Ва бояд мефитод, ҷон медод.
Вале чӣ тавр бошад, ки ҷисми таҳимтани Умар Ҳофиз яклаба тоб хӯрдан гирифт, ҳатто як дасту оринҷаш тоб хӯрд ва ба гардани Умари Дузд печид.
Ин ҳам чунон ногаҳон шуд, ки Умари Дузд вақте бохабар гардид, аллакай дер шуда буд. Охирмурдаи яқин гӯё ҷон гирифта буд, яъне Умар Ҳофиз ба ҳаракат омада буд чунин ғайричашмдошт.
Бале Умари Дузд медонист, ки зӯрзаниҳои Умар Ҳофиз тӯл нахоҳад кашид, аз он, ки корд ба тани вай чуқур халида, аз он ҷо хун, аз боиси зӯрзаниҳои худи вай ва кашида шудани рагу пай ва хоса рагу пайи дасту оринҷаш ҷӯшида берун мезанад. Ва кам шудани хун бошад боиси бемадории Умар Ҳофиз мегардад ва ӯ лаҳзае баъд суст гардида, дастонаш бемадор шуда, ҷисмаш нишеб мешавад. Чашмонаш ҳам шах мешавад дар косахонаи сараш. Чашмонаш, ки ба ин макони хунхора ва кашар ворид шудани писархонди худаш Мирзои Навозандаро дида буд хира-хира.
Бале омада буд Мирзо ин ҷо ҳам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё