Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
хез мекард, балки ҳавои бошаст ояндаву бошаст раванда гӯё нафасгирон менамуд варо. Наход Умари Дуздро гум карда ва наход Умари Дузд боз ҷон ба саломат бурда, ки дар ояндаҳои наздик худаш барин шуридасарҳоро аз нав ҷамъ оварда, ба сари санъатварону ҳунарварон ва мардум исноду бедодӣ бирезад. Наход, ки?...
Ҷустуҷӯи Умар Ҳофиз натиҷа надод.
Умар Ҳофиз боз аз кашарҳо баромада буд ва боз баргашта даромада буд он ҷо.
Наход Умари Дузд ҷон ба саломат бурда бошад, ки боз оянда сар бардорад?
Сари Умар Ҳофиз ба дард омада буд ва ӯ беҳол мегашт, шояд ҳаяҷони зиёд чунин карда буд варо. Ва ё хастагии ҷонбозиҳои пурпечро, ки ин саҳар то ҳоло карда, нав эҳсос менамуд. Ё ҳамаш аз он буд, ки барои нест кардани Умари Дузд омада буду баъди ҳамаи ҷонбозиҳо варо аз даст дода буд, балки Умари Дузд боз гурехта тавониста ва раҳо ёфта тавониста буд.
Ниҳоят бемадор рӯйи охури қариби туби азими поруҳо биншаст Умар Ҳофиз. Шояд дигар пеш рафта наметавонист вай, ки хастагиву изтироби бе ҳадду ҳудуд корашро карда буд. Ва ё шояд нафасашро каме рост карданӣ буд, муқаддам аз он, ки боз ба ҳаракат ояду ба кофтани Умари Дузд биравад...
Ва тамоман бехабар буд, ки дар думболаш, байни туби порӯҳо, ки худаш дар он нишаста ва бемадору канда-канда нафас мекашад, Умари Дузд тани захмини худашро гӯр кардааст ва пинҳон шудааст. Ва азбаски Умар Ҳофиз ҳанӯз ин ҷо нишастааст ва нахестааст, Умари Дузд, ки зери пору аз нафастангӣ дилаш ба кафидан наздик меомад, дигар тоб наоварда, беовозу оҳиста сар бардошта буд. Нафаскашии канда-кандаи Умари Ҳофиз ба ҳастии Умари Дузд низ хоҳиши зиёдтару бемамонеа нафас кашиданро оварда буд. Аз ин боис сарашро аз нав таги пору кашида наметавонист, то аз нав нафасгардон нашавад. Ва сари аз поруҳо беруншудаи вай дида медӯхт ба тахтапушти фарроҳои Умар Ҳофиз. Ва ба назараш мерасид, ки Умар Ҳофиз аз ин ҷо ҳаргиз хестанӣ нест ва ин ҷо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё