Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў пас аз мутолиаи барномаи адабиёт назари худро баён карда, 10 ноябри соли 1940 чунин навишта буд:
«Проекти схемаи программаи адабиёти тоҷик» бо муроҷиатномаи кабинети забон ва адабиёти тоҷикӣ расид. Бо далелҳо ҳарчанд дар муроҷиат нома роҳи даровардани баъзе шоир ва нависандагон (ба программа) пешакӣ баста шуда бошад ҳам, ман маҷбурам, ки даровардани ду симои бузурги адабиёти классикии тоҷикро таклиф кунам: яке аз онҳо Низомии Арўзии Самарқандӣ аст. Тарҷумаи ҳоли ў ва замони зиндагиаш тамоман маълум аст. Инчунин ўро аз ҷумлаи нависандагони камасар гуфтан мимкин нест. Асари ў «Чаҳор мақола»
аз садҳо «печатни лист» (ҷузъи чопӣ) беҳтар ва муҳимтар аст. Бинобар ин, ман таклиф мекунам, ки Низомии Арўзии Самарқандӣ дар давраи адабиёти асри XI-XIII, баъд аз Умари Хайём (дар «Чаҳор мақола» Низомӣ дар бораи Умари Хайём ёддоштҳои худро қайд мекунад) дароварда шавад.
Зайниддин Маҳмуди Восифии Хуросонӣ. Ин одам аз нависанда ва шоирони асри XVI буд. Ин шахс аз Хуросон буда, аз соли 1514 то охири умраш дар Самарқанд, Бухоро, Тошканд зиндагонӣ кардааст. Китоби ў «Бадоеъ-улвақоеъ» ёддоштҳои бо чашми худ дидаи муаллифро дар бар мегирад, ки ин ёддоштҳо аз охирҳои асри XV гирифта то ба соли 1532 оиданд.
Ин китоб ҳамагӣ ба тарзи очерки адабӣ навишта шудааст, бо шеърҳои мансур ва бо шеърҳои пурсанъати ҷолиби диққат пур аст.
Восифӣ бояд дар давраи асри XVI пеш аз Мушфиқӣ дароварда шавад.
Ва боз Шарафиддин Алии Яздӣ, ки асари бисёр бузурги ў «Зафарномаи Темур» аст. Тарҷумаи ҳоли ў ҳам дар ҳамаи манбаъҳо ҳаст. Ин одам бояд дар
14 давраи Темуриён, дар асари XV баъд аз Хоҷа Исмат дароварда шавад».
Дар натиҷаи ин иқдом, минбаъд аз солҳои чилум ва пас аз ҷанг дар программа ва китобҳои мактабҳои миёна ва олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар программаи туърихи адабиёти форсу тоҷики факултаҳои шарқшиносии Иттиҳоди Шўравӣ эҷодиёти Зайниддин Маҳмуди Восифӣ мавқеи хосаеро
15 соҳиб гардид. Ва зимнан бояд гуфт, ки ба асоси он барномаи дарсӣ, таҳқиқоти С.Айнӣ ва А.Н.Болдирев оид ба роҳқолаби эҷодиёти Мавлоно Восифӣ ва иқтибосҳо аз навиштаҳои С.Айнӣ гузошта шудааст.
Гуфтан лозим аст, ки барои таҳия ва тадвини китобҳои дарсии адабиёти тоҷик барои синфи 9 мактабҳои миёна, ки дар таълифи он нависандаи ин сатрҳо аз соли 1954 ҳамроҳи Ш.Ҳузейнзода, А.Н.Болдирев, А.М.Мирзоев ва дигарон ба сифти яке аз муаллифон иштирок дошт, эҷодиёти Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, ҳам дар байни воқеаҳои таърихӣ ва мадании асри XVI Хуросону Мовароуннаҳр ва ҳам дар боби махсуси «Зайниддин Маҳмуди Восифӣ» инъикос дода шудааст. Баробари ин китоби «Хрестоматияи адабиёти тоҷик барои синфи 9» аз тарафи А.Мирзоев, Б.Сирус ва С.Тоҷиддинов тартиб дод шуда буд. Дар ин китоб аз навиштаҳои С.Айнӣ аз боби «Гурехтани Восифӣ ва ёрони ў аз Ҳирот дар вақти истилои Сафавиён», «Ҳикояи Восифӣ дар бораи Ҷомӣ», «Гуфтор дар бораи Муфрад Қаландар», «Аҳмақ кардани шоирон шоҳи Шервонро», «Аҳмақ кардани Субҳӣ Шайхро», ҳамчунин «Ғазали обу теғ» ва аз қасидаҳои ҷавобии Восифӣ ба «Ғунча» дарҷ гардидаанд.

пешина
аз 235
навбатӣ