Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ғайр аз ин С. Айнӣ «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-ро дар асарҳои таҳқиқии минбаъдааш чи ба забони тоҷикӣ ва чи ба забони ўзбекӣ, низ хеле васеъ истифода бурдааст. Чунончи соли 1948 бузургкитоби «Алишер Навоӣ» (Сталинобод,
9 1948) ва ду мақолаи ў дар бораи асосгузори адабиёти ўзбек бо номи «Алишер 1011 Навоӣ» ва бо унвони «Алишер Навоӣ ва адабиёти тоҷик» (ба забони ўзбекӣ) ба табъ расид, ки яке аз сарчашмаҳои асосии боэътимоди ин навиштаҳо ҳамоно «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифӣ буд.
Ҳамин тариқ, дар заминаи тадқиқи бисёрсола С.Айнӣ ҳадафи якуми худро, ки таълифи китоби махсус дар бораи Восифӣ ва «Бадоеъ-ул-вақоеъ»
буд, амалӣ кард. Ин китоб пас аз фавти ў бо кўшиш ва бо сарсухани муаллифи
12 ин сатрҳо соли 1956, бори аввал интишор дода шуд.
Китоби «Восифӣ ва хулосаи «Бадоеъ-ул-вақоеъ» «Даромади сухан»-ро дар бар мегирад, ки аз ду бахш иборат аст.
Бахши якуми «Даромади сухан» вижаи Зайниддин Маҳмуди Восифӣ буда, бахши дувумро муаллиф «Тартиби кори ман дар бораи ёддоштҳои Восифӣ»
ном ниҳодааст. Дар ин ҷо ба назар гирифтани ду ҷиҳати кори С.Айниро лозим медонем, ки он муаллифро тарзи баёни сохтор – устухонбандии асари Зайниддин Маҳмуди Восифиро тағйир дода ба ҷараёни зиндагии муаллиф мувофиқ кунонидааст. Дар тавзеҳи ин матлаб С.Айнӣ чунин навиштааст:
«Аммо ман дар таҳрири ёддоштҳои Восифӣ ба қадри имкон таърихи вуқўи он ёддоштҳоро ба назар гирифтам, яъне кадом ҳодисае, ки пештар воқеъ шуда бошад, ба қадри имкон пештар ва кадомаш пастар воқеъ шуда бошад, пастар нақл кардам. Ба ҳамин тариқа, қисми муҳими аҳволи дар Хуросон аз сар гузаронидаи муаллиф дар қисми якум ва воқеаҳои дар Мовароуннаҳр ва Туркистон дидааш дар қисми дувум ҷо дода шуд. Ман умуман ёддоштҳо ва ҳикояҳои Восифиро, ки ба назарам муҳим менамуданд, интихоб карда аз
13 забони ў, лекин бо таҳрири худам нақл кардам».
Ҳангоме ки мо нашри якуми китоби «Восифӣ ва хулосаи «Бадоеъ-улвақоеъ»-ро ба чоп таҳия мекардем, ба тақозои Нашриёт ба матни асар баъзе тағйирот дохил кардан лозим шуда буд, ки он асосан аз ихтисори якчанд ҳикояи мазмунан аз одоб берун ва баъзе ҷумлаю ифодаҳо иборат буд. Аммо ҳангоме ки нашри дувуми китоби «Восифӣ ва хулосаи «Бадоеъ-ул-вақоеъ»
барои «Куллиёт»-и С.Айнӣ таҳия мегардид, тамоми китоб бо дастхати муаллиф муқоиса карда шуд. Ихтисороти нашри аввал ва қитъаҳои соқитгардида ҷо ба ҷо карда шуданд.
Нашри китоби «Восифӣ ва хулосаи «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и С.Айнӣ, ки натиҷаи ҷамъбасти заҳмати 30-солаи муаллиф дар ин соҳа буд, аҳамияти таърихӣ ва маданӣ дошт.
Ба ғайр аз ин С.Айнӣ ҳанўз аз солҳои 40-ум иқдом кардааст, ки «Бадоеъул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ баробари чанд асари барҷастаи дигар ба китобҳои дарсии мактабӣ дохил карда шавад. Тафсили он чунин аст.
Соли 1940 кабинети забон ва адабиёти тоҷикии Институти давлатии илмӣтадқиқотии мактабҳои РСС Тоҷикистон лоиҳаи нақшаи барномаи адабиёти тоҷикии мактабҳои миёнаи пурраро тартиб ва ба С.Айнӣ фиристод.

пешина
аз 235
навбатӣ