Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
хонда мешавад; чистони офтоб (18 мисраъ); аз қасидаи бо радифи «лол» (10 мисраъ); аз қасидаи бо радифи «наргис» (8 мисраъ); аз қасидаи бо радифи «бунафша» (8 мисраъ); аз қасидаи бо радифи «ғунча» (12 мисраъ); аз қасидаи бо радифи «гул» (10 мисраъ); аз манзумаи «Мадҳия»-и ҳаҷвия дар ҳаққи Хоҷа Юсуфи Маломатӣ – вазири Кўчкунҷисултон (8 мисраъ).
С.Айнӣ зимни ин иқтибосҳо на танҳо қайдҳои назарии худро нисбат ба ашъори Восифӣ овардааст, балки маълумоти мухтасари тарҷумаиҳолии ўро низ дарҷ намуда, ба тарзи хулоса аҳамияти «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-ро ба тариқи зайл таъкид кардааст:
«Аҳамияти ин китоб, нисбат ба китобҳои кўҳнаи дигар, дар ин ҷо аст, ки муаллиф аҳволро фошофош ва маишатро бо камоли кушодагӣ ва бериёӣ тасвир кардааст. Одотро чунон бепарда навиштааст, ки дар бисёр ҷоҳо
2 таъбирот аз назокати адабӣ дур рафтааст».
Устод Садриддин Айнӣ дар бобати аҳамияти асари Восифӣ таваққуф намуда, арзиши онро барои сохтмони маданияти нав таъкид намудааст. «Аз ин ҷо ки мо, – менависад С.Айнӣ – ба як инқилоби иҷтимоӣ ҳозир шуда ба як маданияти нав қадам гузаоштанӣ ҳастем, табъ ва нашри ин китоб барои аҳолии
3 Мовароуннаҳр ва Туркистон зиёда зарур аст». Чӣ навъе, ки дида мешавад, С.Айнӣ арзиши адабӣ ва илмии асари Восифӣ «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-ро дар оғози поягузории маданияти нави тоҷик ба хубӣ ва ба тарзи шоистагӣ дарк намуда буд ва мешавад гуфт, ки он гоҳ барои аҳли таҳқиқи ин соҳа дар масъалаи «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифӣ ҳадафи асосии барномаи кории минбаъдаро равшан сохта будааст. Аммо худи бунёдгузори илми адабиётшиносии тоҷик дар замони нав устод С.Айнӣ дар масъалаи ҳал ва иҷрои барномаи мазкур минбаъд ҳам дар канор наистод.
Бояд гуфт, ки С.Айнӣ «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифиро дар китобҳои тадқиқотӣ ва илмӣ-оммавии худ дар мавридҳои лозим зикр ва истифода намуд. Чунончи, моҳи маи соли 1937 «Шайхурраис Абўалӣ Сино» – ном асарашро бахашида ба 900-солагии донишманди бузург ба итмом расонд. Онро муаллиф бори якум соли 1939 ва бо ислоҳ ва иловаҳо бори
4 дувум соли 1941 нашр намуд, ки баъдан ба «Куллиёт» дохил гардидааст.
С.Айнӣ дар ин асари худ се афсонаро дар бораи Ибни Сино оварда, дар хулоса чунин нигоштааст: «Аммо аҷаб аст, ки ин гуна афсонаҳо дар навиштаҷоти баъзе олим ва адибон ҳам, ки худро таърихдон мешуморанд бе муҳокима, бе танқид ва бо оҳанги боварикунӣ ва боварикунонӣ қайд ёфтааст. Зайниддин Маҳмуд ибни Абдуҷалил Восифӣ, ки «Ман на афсонаҳои дар бораи Абўалӣ Сино бударо, балки фазл ва камоли ҳақиқии ўро менависам» гуфтааст, дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ» ном китоби худ сар то пой 94 саҳифаро, ки ба Абўалӣ
5 Сино бахшидааст, бо ин гуна афсонаҳо пур кардааст».
Хулоса ҳамин, ки аз замони нашри «Намунаи адабиёти тоҷик» сар карда то поёни умраш С.Айнӣ натиҷаи корҳои зиёдашро, ки роҷеъ ба ёддоштҳои Восифӣ бурда буд, ҷамъбаст намуда, дар маҷаллаи адабии тоҷикӣ нашр намудааст. Чунончи, дар солҳои 1940-1941 як мақолаи С.Айнӣ бо унвони «Як симои номашҳури адабиёти тоҷик» – дар панҷ шумораи маҷаллаи «Бо роҳи Ленин» ва соли 1946 мақолаи дигар бо унвони «Восифӣ ва асари ў «Бадоеъ-улвақоеъ» дар ду шумораи маҷаллаи «Шарқи сурх» ва рўзномаи «Тоҷикистони сурх» ба чоп расида буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё