Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аҳамияти «Бадоеъ-ул-вақоеъ» боз дар он аст, ки Восифӣ ҳаёти маданӣ, сиёсӣ ва иқтисодии бузургтарин маркази он замон – шаҳри Ҳиротро, иштироки аҳли касб ва ҳунар, заҳматкашони замонашро дар ҳаёти мамлакат, ҳолати рўҳии онҳо, завқ ва истеъдоди фитрии намояндагони мардумро аз дидгоҳи худ ошкоро ва бо шеваи махсус нишон додааст. Шеваи нигориши Восифӣ барои замонаш бисёр содда, аз такаллуфҳо тақрибан холист. Аҳамияти дигари «Бадоеъ-ул-вақоеъ» дар он аст, ки вай дар ҳақиқат куллиёти осори муаллиф аст. Зеро Восифӣ шоири бомаҳорат ҳам буд ва дар аксари баҳрҳои арўз, ки дар он замон маъмул буданд, сурудаҳо дорад.
Ғазалиёт, рубоӣ, қитъа, қасида ва ашъоре ба шеваҳои маҳалҳои гуногун, муаммо, таърих ва ғайра, ки дар мавридҳои мухталиф, аксар бадоҳатан гуфта шудаанд – ҳама дар ин китоб дар мавридҳои мувофиқ оварда шудаанд. Аммо Восифӣ устоди мусаллами шеваҳои гуногуни насри бадеӣ низ буд. Иншои санадҳои расмӣ, матни мусоҳибаҳои хонҳо ва аҳли дарбор, муросилотноманигорӣ, катиба ва навиштаҳои рўи сангҳои қабристон ва мазорҳо, ки ҳамчун манбаи моддии зиндагӣ хидмат карда буданд, дарҷ гардидаанд. Аз рўи онҳо мо на танҳо самараи фикри вайро комилтар тасаввур карда метавонем, бо сабк ва шеваи иншои ў шинос шуда метавонем, балки бо силсилаи асноди он замон, ки барои илми таърих аҳамияти калон доранд, ошноӣ пайдо мекунем.
Ба ҳамин тариқ, «Бадоеъ-ул-вақоеъ» на фақат хазинаи бебаҳои осори Мавлоно Зайниддини Восифӣ, балки ганҷинаи санадҳои расмии маъмул дар замонаш буда, намунаи беҳтарини насри нафиси классикии тоҷик мебошад.


Аввалин касе, ки омўхтани эҷодиёти Зайниддин Маҳмуди Восифиро солҳои дароз ҳадафи тадқиқот ва баррасиҳои адабии худ қарор додааст, устод Сад риддин Айнӣ мебошад.
Омўхтан ва ба хонандагон дастрас намудани «Бадоеъ-ул-вақоеъ» кўшиши зиёде ва фаъолияти калони илмиро талаб менамуд. Ин кор дар натиҷаи он ҷустуҷўҳои илмӣ ва омўзиши манбаъҳои таърихӣ, ки дар тўли тамоми умраш С.Айнӣ барои таҳқиқи тамаддуни гузаштаи халқи худ бурда буд, бомуваффақият анҷом ёфт. «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ҳанўз дар оғози солҳои бист, вақте ки С.Айнӣ китоби овозадори худ «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро тадвин ва таҳия мекард, диққати ўро аз ҷиҳати ҳунари нависандагӣ, ширинии тарзи баёни матлаб ва аз бобати маълумоти нодираш
1 роҷеъ ба маданият, адаб ва таърих ба худ ҷалб намуда буд.
Дар ин асараш муаллиф дар бораи Восифӣ маълумоти мухтасаре дода, чанд намунае аз ашъори ў иқтибос намудааст: ғазали «Обу теғ» (12 мисраъ); ғазали «Нагриси ҷодуи ту оҳуи чин, Нофаи оҳуи ту холи ҷабин», ки бо чаҳор вазн – рамали мусаддаси маҳзуф, рамали мусаддаси махбуни мақсур, баҳри хафифи мусаддас, баҳри сареъ…

пешина
аз 235
навбатӣ