Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт

50 соли хидмати шоиста
дар ховаршиносӣ ва фарҳанги миллӣ

Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.
Ҳилолӣ

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ (Камол Айнӣ), 15 майи соли 1928 дар гузари Қўрғончаи шаҳри Самарқанд, дар хонадони устод Садриддин Айнӣ ба дунё омадааст.
Вай таҳсили ибтидоиро дар мактаби тоҷикии рақами 3-и шаҳр оғоз намуда, аз синфи 5 ба мактаби русӣ гузаронида шуд. Ва ў бо гурўҳи мактабиёни фарзандони кормандони Академияи пизишкии ҳарбии Ленинград (Санкт- Петербург), ки солҳои Ҷанги Бузурги Ҷаҳонӣ ба шаҳри Самарқанд кўчонида шуда буданд, таҳсили хешро дар мактаби русии рақами 6 ба поён расонид.
Камол Айнӣ ба илми шарқшиносӣ дар овони наврасӣ ҳавас зоҳир карда буд. Дар муҳити хонаводааш қадри тамаддуну фарҳанг ва осори хаттии гузаштагонро хеле баланд мешинохтанд. Аввалан, ў дар коргоҳи эҷодии яке аз асосгузорони илми шарқшиносии Шўравӣ Садриддин Айнӣ обутоб ёфта, заҳматҳои пайваставу фидокориҳо ва муборизаи падарашро дар омўзиши таърихи маданияти тоҷикон мушоҳида мекард ва табиист, ки ин муҳити мусоиди кор ба фаъолияти минбаъдаи ў беасар намонд. Илова ба ин, ғамхорӣ ва раҳнамоии падар боис шуд, ки ў чандин забон ва таърихи адабу фарҳанги кишварҳои Шарқро омўзад, сўҳбатҳои оилавӣ, ки ба сари худ дарси илму адаб буд, низ ба ташаккули шахсияти олим бетаъсир намонд.
Муҳаббати гарми ў ба фарҳанги миллӣ солҳои таҳсил дар яке аз марказҳои шинохтаи шарқшиносии ҷаҳон – шаҳри Ленинград қавитар гашт. Камол Айнӣ дар Университети давлатии Ленинград таҳсил карда, ихтисоси ховаршиносиро омўхт, улуми адабӣ ва санъатшиносиро бо маслиҳати устодонаш омўхта, аз донишу дарсу таҷрибаи бузургтарин донишмандон ва шарқшиносони мамлакат ва факултаҳои ховаршиносӣ, филологияи рус ва Ғарб ва таърихи Донишгоҳи Ленинград (Санкт-Петербург) ва Академияи рассомӣ ва ҳунари Иттифоқи Шўравӣ дар Ленинград, Донишгоҳи шабонаи назарияи мусиқӣ ва адаби Ленинград баҳраманд шудааст, ки аксари онҳо донишмандони шинохтаи ҷаҳонӣ буданд. Ин бузургмардони илми ховаршиносӣ ва инсоншиносӣ дорои мактаби хосаи илмии хеш буда, дар ҳақиқат парчамбардорони илми шарқшиносӣ ва филологияи классикӣ дар Иттифоқи Шўравӣ маҳсуб мегардиданд. Чунончи академикҳои АФ СССР В.В.Струве (Таърихи бостони Шарқ ва Эрон), И.Ю.Крачковский (Муқаддимаи арабшиносӣ), И.И. Мешанинов (Назарияи нави забоншиносӣ), В.М.Жирмунский (Муқаддимаи адабиётшиносӣ, эпоси қаҳрамонӣ, назарияи лирика), И.А.Орбели (Ҳунари аҳди Сосониён), Б.Б.Пиотровский (Бостоншиносии Қафқози ҷанубӣ), Д.С.
Лихачев (Осори хаттии Славян ва Русияи қадим), А.Н.Кононов (Муқаддимаи илми туркшиносӣ), А.А.Фрейман (Муқаддимаи эроншиносӣ, забони паҳлавӣ, Авесто, таърихи забонҳои эронӣ), А.Ю.Якубовский (Эрон дар замони исти лои араб), С.Е.Малов (Набиштаҳои куҳани туркии Орхону Енисей), В.М.Штейн (Таърихи иқтисодиёти Эрон), Н.В.Пигулевская (Шаҳрҳои Эрони бостон), М.Н.Боголюбов (Шинохти мутуни навини тоҷикӣ), ҳамчунин устодони муқаддами замон – А.Н.Болдирев (Таърихи адаби классикии форсӣ, «Шоҳнома» ва ҳамосасароӣ), И.П.Петрушевский (Таърихи Эрон: аҳди муғул, ислом дар Эрон), М.М.Дяконов (Ҳунари классикии Эрон ва Мовароуннаҳр, миниатюраҳои Эрону Мовароуннаҳр), И.И.Зарубин (Лаҳҷашиносии то ҷик), Н.Д.Миклухо-Маклай (Эрон дар аҳди Сафавиён), А.М.Беленитский (Манбаъшиносии таърихи Эрон, таърихи ҷуғрофии Эрон ва Осиёи Миёна), А.Т.

аз 235
навбатӣ