Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Тоҳирҷонов (Мутуни форсии аҳди ислом), А.К.Боровков (Таърихи забон ва адаби ўзбек), Ниҳат-афандӣ (Забони туркии усмонӣ), Ф.Ф.Берков (Таърихи рўзноманигорӣ), ниҳоят академик В.М.Алексеев (Восток и «Наука о Востоке») ва дигарон.
Тавре ки мушоҳида шуд, барномаи Донишгоҳ ва берун аз он, ки дўстони шарқшиноси падари Камол Айнӣ дар Ленинград барои ў тартиб дода буданд, аз «Авесто»-ву навиштаҳои суғдӣ ва осори паҳлавӣ то адабиёти навин ва театри Эрон, аз забони навиштаҳои туркии бостонӣ дар Орхону Енисей то забони адабии туркони усмонӣ, аз дарси муқаддимаи арабшиносӣ то осори суханварони арабзабони Осиёи Миёнаву Эронзамин ва аз осори хаттии осори славянӣ то адабиёти бадеии Аврупоро дарбар мегирифт. Ў соли 1949 факултаи шарқшиносии ҳамин Донишгоҳро хатм намуда, ба аспирантураи Институти шарқшиносии Академияи илмҳои СССР тавсия ва қабул гардид. Дар ин ҳангом нахустин асари илмии худ «Носири Хусрав ва достонҳои «Рўшноинома» ва «Саодатнома»-ро ба итмом расонид ва эҷодиёти яке аз шоирони барҷастаи классикии тоҷик Бадриддин Ҳилолиро, ки ҳанўз тақрибан таҳқиқ нагардида буд, мавзўи омўзиш қарор медиҳад. Пас аз бозгашт ба шаҳри Душанбе ў ба чанд гоҳ ба сифати ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ кор карда, дар таҳия ва нашри осори хаттӣ фаъолона иштирок менамояд ва сипас ба вазифаи мудири шўъбаи (Ганҷинаи) навбунёди дастнависҳои шарқии Академияи илмҳои Тоҷикистон таъйин мегардад (с. 1953/4). Бамаврид аст бигўем, ки ташкили ин шўъба бо пешниҳоди донишмандони бузурги ин соҳа – Устод Садриддин Айнӣ ва Александр Александрович Семёнов амалӣ шуда, дар сохтори Академияи илмҳои Тоҷикистон аввалин муассисаи расмии ховаршиносӣ буд. Бунёди ин муассисаи муҳим ба зиммаи Камол Айнӣ гузошта шуд ва ў асосгузори он шўъба аст. Баъдтар, соли 1958, дар заминаи Ганҷинаи дастнависҳо ва сектори адабиёти классикии Институти завбон ва адабиёт бо роҳбарии яке аз олимони барҷастаи тоҷик Абдулғанӣ Мирзоев муассисаи илмии дигар, ки Шўъбаи шарқшиносӣ ва осори адабӣ ном дошт, бунёд гардид. Дар ин муассиса Камол Айнӣ ба вазифаи муовини мудири шўъба таъйин гардида, бо ташаббуси ў аввалин сектори матншиносӣ ва нашри осори хаттӣ таъсис гардид, ки вазифаи роҳбарии онро низ бар ўҳда дошт. Дар ин муддат таҳқиқ ва таҳияи осори бузургони гузаштаи тоҷик, аз ҷумла: осори Рўдакӣ ва ҳамзамононаш, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, осори Носири Хусрав ва Абдураҳмони Ҷомиро бо ҳамкории ходимони сектори матншиносӣ ба чоп омода сохт. Нашри тазкираи «Гулшани адаб», ки се ҷилди аввалини он намунаи назми форсу тоҷики асрҳои X-XIV дарбар мегиранд, низ самараи заҳмати кормандони шўъбаи матншиносӣ ва муассисаҳои илмии дигар мебошанд, бо барнома ва роҳбарии вай анҷом ёфтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё