Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Аз соли 1940 сар карда А.Н.Болдирев се очерки таҳқиқотии муфассалро интишор дод. Яке бо номи «Хотироти Зайниддин Восифӣ ҳамчун сарчашмаи омўзиши ҳаёти мадании Осиёи Миёна ва Хуросон дар ҳудуди қарнҳои XV- XVI», дувум – «Алишер Навоӣ дар ҳикоёти муосиронаш» ва саввумаш бо унвони «Лавҳаҳое аз ҳаёти ҷамъияти Ҳирот дар ҳудуди қарнҳои XV-XVI». Бояд эътироф кард, ки ин 3 очерк таҳқиқоти осори Восифиро дар шарқшиносии рус ба як марҳилаи нав бардошта тавонист. Вай аз байни «олимони Аврупо»
Б.Дорнро нахустин шахсе донистааст, ки ба хотироти Зайниддин Маҳмуди Восифӣ диққат карда, соли 1874 аввалин нусхаи «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-ро аз Музеи Осиёӣ дар маҷмўаи «Меланж Азиатик» эълон кард. А.Н.Болдирев он гоҳ чанд саҳви Б.Дорнро дар асари худ тавзеҳ ва ислоҳ намуда буд. Муҳаққиқ Тейфели олмониро, ки дар асоси мақолаи Б.Дорн Восифиро дар навиштаи худ зикр карда буд, дувумин шахси дарккунандаи арзиши илмии «Бадоеъ-улвақоеъ» медонад. Дар навиштаи ин муаллиф А.Н.Болдирев фикри доир ба аҳамияти омўхтани манбаъҳои қарни XVI-ро тақвият додааст. А.Н.Болдирев устоди худ – академик В.В.Бартолдро аввалин донишманде шумурдааст, ки «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-ро дар баррасиҳои таърихшиносиаш бевосита истифода карда буд. А.Н.Болдирев «Материалҳо барои ҷуғрофияи таърихии вилояти Самарқанд» ном асари В.Л.Вяткинро, ки дар он факте аз хотироти Восифӣ оварда шудаст, низ ёдовар шудааст.
А.Н.Болдирев дар очеркаш, ки бори аввал дар шарқшиносии рус «Бадоеъул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифиро муфассал таҳқиқ намуда, устухонбандӣ ва таркиби (структура) онро возеҳ нишон дода тавонист. Ў «Намунаи адабиёти тоҷик»-и С.Айниро (1926) ҳамчун асаре, ки дар он арзиши таърихии китоби Восифӣ сабт шудааст тавзеҳ додааст. Вале аз ин очерки А.Н.Болдирев ошкор мешавад, ки асари дувуми С.Айнӣ, ки онро муаллиф соли 1937 таълиф намуда, соли 1939 ба табъ расонида буд, шояд ба сабаби дастнорас буданаш аз назари ў дур монда бошад.
А.Мирзоев дар ин асараш, ки ба муносибати 1000-солагии Абўалӣ ибни Сино (1952) нашр гардид, ҳикояҳоеро, ки Восифӣ оид ба Ибни Сино овардааст, таҳлил менамояд.
Соли 1957 се монографияи бахшида ба шахсиятҳои барҷастаи қарни XVI интишор дода шуд, ки барои онҳо «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Восифӣ ба сифати яке аз манбаъҳои асосӣ хидмат кардааст. Инҳо «Бадриддини Ҳилолӣ»-
16 и нависандаи ин сатрҳо, «Зайниддин Восифӣ»-и А.Н.Болдирев ва «Биноӣ»-и
17 А.Мирзоев буданд.
Монографияи профессор А.Н.Болдиревро ҷамъбасти таҳқиқоти роҷеъ ба
18 «Бадоеъ-ул-вақоеъ» бояд шумурд. Дар ин китоб ҳамаи марҳалаҳои рўзгори Зайниддин Маҳмуди Восифӣ – аз овони кўдакӣ, навҷавонӣ ва ҷавонии ў дар шаҳри Ҳирот (1485-1512) сар карда, муҳоҷират ва зиндагии вай дар Самарқанд (1512-1513), дар Бухоро (1513-1514), оворагӣ ва саргардониҳояш (1515-1517) ва боз дар Самарқанд (1517-1518) ва ниҳоят дар Шоҳрухия ва Тошканд ва ҳамчунин хусусиятҳои ғоявӣ ва сабкии эҷодиёташ дақиқ ва мустанад таҳлил шудааст. Муаллиф дар муқаддимаи китобаш таърихи омўхта шудани эҷодиёти Восифиро ба тарзи дигар баён менамояд ва дар тавзеҳоташ комилтарин номгўи адабиёти оид ба Восифиро (то соли 1957) овардааст. Вай акнун олими рус

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё