Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз гуфтаҳои боло пайдост, ки осори Хоҷуи Кирмонӣ аз бисёр ҷиҳат, аз ҷумла аз назари адабиёти зидди ситам арзиши умумиинсониро соҳиб аст, зеро сурудаҳои орифи суханвар аҳамияти волои инсонӣ, ирфонӣ, ахлоқӣ, андарзӣ ва ҳикмати инсонпарастӣ ва одамгароии хешро ҳам акнун доро буда, барои наҷоти мардумон аз бўҳрони одамият дар қарни ХХ, ин қарни одамхор ва худхоҳ метавонад хидмат кунад. Ба ин ҷиҳат Хоҷуи Кирмониро мо дар «Силсилату-з-заҳаб»-и мардони хирад ва шахсиятҳои шоиста, олимони баландпояи форсиёни ҷаҳон мебинем ва ўро ба ҳаққ разманда ва муборизи зидди ситам меномем.
Ва басо хуш аст, ки ҳафтсадумин солгарди зодрўзи ин шахсият, нобиғаи ҷаҳони исломӣ аз тарафи бузургони меҳанпарастони Эронзамин бо савобдиди сарони Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ин ҳама шукўҳ ва эҳсон ва муҳаббату бузургворӣ ҷашн гирифта мешавад.

Қадри маҷмўаи гул мурғи саҳар донаду бас,
Ки на ҳар к-ў варақе хонд, маонӣ донист.

Банда ифтихор дорам, ки дар роҳи таблиғ ва таҳқиқу интишори илмии осори ин шахсияти барҷаста чанд коре анҷом додаам ва ҳоло пешниҳодоте дорам, ки мехостам ба ҳузури вазорати мўҳтарами фарҳанг ва иршоди Ҷумҳурии Исломии Эрон ва авлиёи Кумитаи илмии кунгураи бузургдошти Хоҷу арза дорам:
1 — Тадвини феҳристи ҷомеи таҳқиқӣ, нусхаи хаттии осори Хоҷуи Кирмонӣ аз китобхонаҳои ҷаҳон (нусхаҳои хаттии осори Хоҷу аз китобхонаҳои шўравӣ
— Санкт-Петербург, Душанбе, Тошканд, Боку, Ереван, Тифлис ва ғайраҳу аз тарафи нигоранда омода шудааст).
2 — Ба поён расонидани таҳияи мутуни интиқодии куллиёти Хоҷу.
3 — Нашри аксии қадимтарин нусхаи куллиёти Хоҷу аз китобхонаи Ҳоҷӣ Малики Хуросонӣ (ин нусха сафҳаҳои соқит ҳам дорад ва интишори он бояд ба намунаи «Шоҳнома»-и Флоренс анҷом ёбад).
4 — Таъйини як ҳайати илмӣ барои барномарезии корҳои минбаъд роҷеъ ба осори Хоҷу ва ҳамзамононаш.
Дар девони Хоҷу 432 рубоӣ мавҷуд аст, ки 315-тои он аз «Саноеъ-улкамол» буда, 117 дигараш дар «Бадоеъ-ул-ҷамол» мавҷуд аст.
Аксари рубоиёти шоир рубоиёти анъанавии тавсифи маю шароб, васфи ёру маъшуқа, нақли бевафоӣ ва бадхўии вай аст. Аммо дар байни рубоиёти ў баъзан рубоиёти шикоят аз қазову қадар ва фалаки каҷрафтор, инчунин рубоиёти ҳасби ҳол ва танқиди замону ашхоси ҷоҳил ва мардони олирутбаи он замон низ дида мешавад.
Чунончи, дар як рубоӣ як пирамарди мутаассиби бесавод чунин тасвир карда шудааст:

Пире дидем ҷумлаи вирдаш «ёҳу»,
Гуфтем: «Бигў, ту кистӣ?». Гуфто: «Ҳу».
Гуфтем, ки «лоилоҳаро маънӣ чист?»
Гуфто: «Нашунидаам зи кас, илло ҳу».

пешина
аз 235
навбатӣ