Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рубоии поин ба ашхоси боҳашам ва сарватмандон равона карда навишта шудааст. Шоир хитоб мекунад, ки ин қабил шахсонро ба пешвоз – як пул нахоҳад гирифт:

Ман ҳашмату пўши ў ба чизе нахарам,
Сармояи молаш ба пашизе нахарам,
Гар худ ба масал Рустами Дастон гардад,
49
Ман боди бурути ў ба тизе нахарам.

Дар якчанд рубоӣ Хоҷу ба мавқеъ ва суханварии худ, ба аҳамияти сухан ишора намуда худро мири кишвари шеър меномад ва чунин изҳор намудааст:

Ман мулки ҷаҳонро ба сухан мегирам, В-ин бас бувад аз суханварӣ тавфирам.
З-ин даст, ки назми ман гирифтаст Камол
50 Дар кишвари шеър то намирам-мирам.

Ва боз:

Эй шеъри хушат натиҷаи ҷони сухан, Алфози саҳеҳи туст бурҳони сухан.
Як байт зи ашъори ту чун кашф шавад
51 Равшан гардад зоҳиру пинҳони сухан.

Баробари мавзўи ишқу ошиқӣ, мулоҳизаҳои фалсафӣ ва баъзе сатрҳои танқидкунандаи аҳли замони шоир, ки дар рубоиёти ў дида мешавад, баъзан ба манзумаҳое, ки оҳанги эътирофкунандагӣ доранд, дучор мешавем. Гоҳо бошуурона ва ё бешуурона шоир доду деҳишро аз мардуми ислом талаб менамояд:

Гар пухтаӣ, эй Хоҷа, майи хом талаб,
Ҷома гарави бода куну ҷом талаб,
То чанд зи Ҳотаму Фаридун гўӣ,
52
Рав доду деҳиш зи аҳли ислом талаб.

Инак дар хотима як рубоии ишқии шоирро меорем, ки мисли рубоиёти халқӣ соддаву равон ва салис аст:

Гуфтам: мастӣ? Гуфт, ки оре, ба худо,
Гуфтам: бигузар. Гуфт: ки бигзор маро.
Гуфтам: Боз о. Гуфт: к-аз инҳо бозо.
53
Гуфтам: рафтам. Гуфт: дигар боз маё.

Понависҳо:

  1. F.Erdman. Chudshu Cermani und Seinedichteische Geiteserzeugnisse.
    ZDMG, Bd.11, 1848, S.205-215.
пешина
аз 235
навбатӣ