Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Бар дилам айб нагиранд, ки девонакакест, Чи кунад, нест гузираш зи парипайкараке.
Қадакам шуд чу сари зулфи санавбарқадаке, Рухакам гашт чу зар дар ғами симинбараке.
Аз ту эй сарвқадам кист, ки бар хоҳад хўрд, Гарчи аз сарви хиромон нахўрад кас бараке?
Сарак андар сараки ишқи ту кардам, лекин
46 Ба мани хастадилак нест туро сараке…
Албатта, шоир наметавонист, ки дар ғазал афкори худро пурра ошкор намояд, барои ин хусусият ва қавоиди жанри ғазал имконият намедод. Фикрҳои ҷолиби Хоҷу ва назари ў ба баъзе муосиронаш, мисли шоирони дигар, гоҳгоҳ дар порчаҳои назми қисми мутоибот ва муқаттаоти «Саноеъ-ул-камол» ва қитъаоти «Бадоеъ-ул-ҷамол» то як андоза инъикос ёфтаанд, зеро дар ин қисмат шоир аз ҳудуди шакл ва қавоиди инъикоси мавзўъ худро нисбатан озодтар ҳис мекард. Ҷолиби диққат аст, ки Хоҷу дар ин манзумаҳояш якчанд шахсеро ҳаҷв ва масхара кардааст. Мазаммати Хоҷу бештар дар доираи адаб ва баъзан тамоман беадабона буда, дар ин сурат равияи ҳаҷвиёти хоси шахсиро ба худ мегирад. Аммо қисми асосии мутоиботи шоир ниҳоят сахт фошкунанда аст.
Дар чунин мутоибот Хоҷу қалами худро бисёр устодона ба кор андохтааст ва бо рангу бори шоирона сифат ва кирдори разилонаи ашхоси ҳаҷвшавандаро тасвир намудааст. Дар бораи амире аз Исфаҳон Хоҷу чунин қитъае дорад, ки дар он ханда ва қаҳқаҳаи мардуми оддии ҷамъият ва ҳозирҷавобии он хуб инъикос ёфтааст:
Рўзе вафот ёфт амире дар Исфаҳон З-онҳо, ки дар Ироқ ба шоҳӣ расидаанд.
Дидам ҷаноза бар китфи тўниёну ман Ҳайрон, ки ин ҷамоат аз ин то чӣ дидаанд.
Пурсидам аз касе, ки чаро тўниёни шаҳр Аз корҳо ҷанозакашӣ баргузидаанд?
Ҳаммоли мурда дар ҳама шаҳре ҷудо бувад, Ҳар шуғлро барои касе офаридаанд.
Барзад буруту гуфт, ки: «То мо шунидаем
47 Ҳаммолиён ҳамеша наҷосат кашидаанд».
Ҳақ дорем гуфта бошем, ки вай як орифи муборизи мусулмон, размандаи ҳуқуқи мардум, муборизи зидди ситам, беадолатӣ, нобаробарӣ, истибдод, ҷаҳолат, худхоҳӣ ва худкомагӣ ва ғурур будааст. Ин марди орифи покизасиришт ба як маънии маҷозӣ ҳамзамони мо низ ҳаст, зеро осори ў, гуфтаҳо ва ҷасорати суханварии ў барои имрўзу фардо муфид аст ва ба ҳамин ҷиҳат барои тарбияти инсони комил лозиманд.
Барои фаъолияти бештаре баҳри ҷомиаи адолатбунёд, ҷиҳати мабоҳисе ба истилоҳи Хоҷа Ҳофиз «оламе в-аз нав одаме» ҷоиз ва равост, ки муроҷиаи бештаре шавад ба таърих, ба дарси гузаштаи замон ва ба қавли Рўдакӣ «Ҳар кӣ н-омўхт аз гузашти рўзгор — Низ н-омўзад зи ҳеҷ омўзгор», ба кирдор ва гуфтори бузургонамон, ба ақоид ва назару андешаҳои амсоли Хоҷуи Кирмонӣ, орифи хушсират ва дигар размандагони набардҳои фикрии исломӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё