Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Васли он турки Хито мулкати Хоқон арзад,
Куфри зулфи сияҳаш олами имон арзад.
Хотами лаъли гуҳарпўши парирухсорон,
Пеши арбоби назар мулки Сулаймон арзад.
Эй, азизон, ба рухи Юсуфи мисрӣ назаре
Мулкати Мисру ҳама хиттаи Канъон арзад.
Пеши Фарҳод зи лаъли лаби Ширин шакаре
Ҳашмату мамлакати Хусрави Эрон арзад.
Бигзар аз ганҷи Қадархон, ки бари пири муғон
Кунҷи майхона ҳама ганҷи Қадархон арзад.
З-ин сипас мову гадоёни сари кўи ғамат,
Ки гадоии дарат мулкати султон арзад.
Бо лаби даст зи сарчашмаи ҳайвон шустам,
З-он ки ёқути ту сад чашмаи ҳайвон арзад…

Рўҳи шоир на танҳо аз ноаёнии ҳолаташ дар азоб аст, на танҳо ҳисси бози дасти султон будан ўро азият ва фишор медиҳад, балки гирифтории баъзе қавоиди ҳаёти онвақта, низ мисли як ҳамли гаронест. Ин ҷиҳат боиси гуфтани чунин ғазал шудааст:

Рамазон омаду шуд кори суроҳӣ аз даст,
Ба дурустӣ, ки дили нозуки соғар бишкаст.
Ман ки ҷуз бода намебуд ба дастам нафасе,
Даст гиред, ки ҳаст ин нафасам бод ба даст.
Он ки бе маҷлиси мастон нанишастӣ як дам,
Ин замон омаду дар маҷлиси тазкир нишаст.
Моҳи нав чун зи лаби бом бидидам, гуфтам:
Эй дил, аз чанбари ин моҳ куҷо хоҳӣ ҷаст?
… Ҳеҷ кас нест, ки бо шаҳна бигўяд, ки чаро
Кунад абрўи ту сардории мастон пайваст.
Вақти ифтор ба ҷуз хуни ҷигар Хоҷуро,
45
Ту мапиндор, ки дар машраба ҷуллобе ҳаст.

Хоҷу дар гуфтани ғазалиёти худ инчунин ба истеъмоли ҳамон шаклҳои сухан аҳамият медиҳад, ки оҳанги гуфтори ўро равон ва баъзан онро ба ғазалҳои халқӣ наздик мекунонад. Чунончи, дар ғазали поин дар натиҷаи устодона истифода бурдани сиғаи тасвири калимаҳо як тобиши махсуси мусиқии сатрҳо ба вуҷуд омадааст. Хонанда аз ин ғазали ошиқона на танҳо мутаассир мегардад, балки аз задаҳои мусиқии дохили он ва ҳамоҳангии он бо вазни шеър ба ҳаяҷон меояд:

Дилакам бурд ба ғорат зи барам дилбараке, Сар фурў карда, парипайкарак аз манзараке.
Бахтакам шўрак аз он зулфаки шўрангезак, Наргиси ҳиндуяке мастаки ў кофараке.
… Дилакам шуд сари мўеву чу мўе танакам То ҷудо монд канорам зи миёнлоғараке.

пешина
аз 235
навбатӣ