Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъзан дар чунин мавридҳо шоир иқтидори худро дар мусобиқаи шаклсозӣ ва иборапардозӣ нишон медиҳад, ки он замон дар байни шоирони гузашта ва муосир низ маълум буд.
Инак, дар поин намунаи як ғазали Хоҷу оварда мешавад, ки метавон гуфт аз аввал то охир ба шахси шоир бевосита дахлдор аст. Дар ин ғазал шоир ҳолати рўҳии худро вобаста бо зиндагии худ, бо мулоҳизоти худ оид ба мавқеи дар ҳаёт ва дар ҷойҳои гуногун доштааш тасвир намуда тавонистааст:

Хуррам он рўз, ки аз хиттаи Кирмон биравам,
Дилу ҷон дода зи даст аз пайи ҷонон биравам.
Бо чунин дард надонам, ки чи дармон созам,
Магар ин к-аз пайи он мояи дармон биравам.
Ман, ки дар Миср чу Яъқуб азизам доранд,
Чи нишинам, зи пайи Юсуфи Канъон биравам.
Баъд аз ин қофила дар роҳ ба киштӣ гузарад,
Чун мани дилшуда бо дидаи гирён биравам.
Гарчи аз зулмати ҳиҷрон набарам ҷон ба канор,
Чун Сикандар зи пайи чашмаи ҳайвон биравам.
То нагўянд, ки чун савсан аз ў озодам,
Ҳамчу бод аз пайи он сарви хиромон биравам.
Чун сарам рафту ба сомон нарасидам, бе дўст,
Шояд андар ақибаш бесару сомон биравам.
Агараш даври мухолиф ба Ироқ андозад,
Ман ба паҳлў зи паяш то ба Сипоҳон биравам.
Ҳамчу Хоҷу гарам аз ганҷ насибе надиҳанд,
44
Рахт барбандаму з-ин манзили вайрон биравам.

Вале ҳолати рўҳии шоир мухталиф ва гуногун аст. Вақте ки шоир дар олами тахайюлоти худ гирифтор мешавад, ўро ҳолате фаро мегирад, ки худ намедонад кист ва чист. Ў ҳам доно ва ҳам нодон, вай гоҳ ҳумои гулшани қудс ва тазарви боғи фирдавс, гоҳ ҳушёри маст ва гоҳ ҳам ҳасту ҳам нест. Шоир дар ҳайрат аст, ки «дар он бум аз чӣ рў поям, ки бози дасти султонам?!

Агар пинҳон бувад пайдо, ман он пайдои пинҳонам,
В-агар нодон бувад доно, ман он донои нодонам.
Ҳумои гулшани қудсам, на сайди донаву донам,
Тазарви боғи фирдавсам, на мурғи ин гулистонам.
Чу дар гулхан фуруд оям, ки дар гулшан бувад ҷоям,
Дар ин бум аз чи рў поям, ки бози дасти султонам.
Ман он ҳушёри сармастам, ки набвад бе қадаҳ дастам,
Нагўям нестам, ҳастам, бале ҳам ину ҳам онам.

Шоире, ки иқрор шуда буд, ки ў бози дасти султон аст, дар мавқеъҳои алоҳидаи зиндагӣ ҳамаро инкор мекунад. Дигар ў мегўяд, ки васли маъшуқааш ба мулкати Хоқон, бўсаи парирухсорон ба мулки Сулаймон, рухи Юсуф ба мулкати Мисру ҳамаи хиттаи Канъон ва барои Фарҳод лаъли лаби Ширин ба ҳашамату мамлакати Хусрави Эрон меарзад:

пешина
аз 235
навбатӣ