Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
«Хоҷа девонагии дилро, – дар хулосаи таҳлил мегўяд Шиблии Нўъмонӣ, – ҳеҷ зикр накардааст ва бар ин ҷиҳат барои девонагии оқилон ҷиҳате, ки маъқул
43 бошад, дар калом нест».
Дар ҷамъбасти ин матлаб инро ҳам бояд гуфт, ки дар бисёр мавридҳо таҳрири эҷодии Ҳофиз бар абёти Хоҷу таровати махсусе ва рехтагии фав қулоддае бахшидааст ва дар натиҷа мисраъҳо ва байтҳои олӣ ба вуҷуд омадааст.
Масалан:
Хоҷу мегўяд:
Хирқа раҳни хонаи хаммор дорад пири мо,
Эй ҳама риндон муриди пири соғаргири мо,
Гар шудам аз бода бадноми ҷаҳон тадбир чист?
Ҳамчунин рафтаст аз рўзи азал тақдири мо.
Ҳофиз мегўяд:
Дўш аз масҷид сўи майхона омад пири мо,
Чист, ёрони тариқат, баъд аз ин тадбири мо?
Дар хароботи муғон мо низ ҳамдастон шавем,
К-ин чунин рафтаст аз рўзи азал тақдири мо.
Тадқиқотчиёни сабки Хоҷу ва Ҳофиз муттафиқанд, ки ин матлаи Хоҷа Ҳофиз бар матлаи Хоҷу, чӣ аз ҷиҳати лаҳну ҷозиба ва чӣ аз роҳи нуктагўӣ ва мазмун, бартарии қавӣ дорад. Аммо дар байти дувум, ки дар болотар ишора рафт, ҳақ бар ҷониби Хоҷуст. Ҳофиз ин дафъа байти устодашро бо андаке тағйири на он қадар баҷо ба ғазали худ дохил намудааст. Воқеан, мулоҳизаи амиқтаре бар рехтагии сухан, маънои баҷо, ҷозибаи хос ва мантиқи хуби байти дувуми Хоҷу далолат медиҳад, ки ҳақиқатро бо фоидаи Хоҷу мавқуф гузорем.
Хоҷу дар замони худ на фақат ба Ҳофизи мўъҷизакор, балки ба чанде аз сухансароёни дигар низ таъсири шеваи худро гузарондааст, ки онҳо каломи ўро дар назмашон хуб истифода бурдаанд. Азбаски Хоҷу ин ҷиҳати гуфтори худро медонист, ба гумон мерасад, ки байти зайли дар девони қабл аз соли 750 (1350) дида шуда ба шаҳодати ҳамин воқеаи адабӣ гуфта шуда бошад:
Зодаи хотири Хоҷу, ки ба маънӣ бикр аст,
Ҳайф бошад, ки барандаш ба ҷаҳон даст ба даст.
Ғазалиёти Хоҷуро аз ҷиҳати мавзўъ ва мундариҷа ба қисмҳои ғазалиёти ишқӣ, ғазалиёти ҳасби ҳолӣ, ғазалиёти ирфонӣ ва сўфиёна, ғазалиёти мадҳия, ғазалиёти бо ишораҳои танқидӣ ва ғайра ҷудо кардан мумкин аст. Аммо ин мавзўъҳои ғазалиёти шоир на ҳамеша дар ғазалҳои алоҳида гунҷоиш ёфтаанд.
Дар бисёр мавридҳо мавзўъҳои гуногуни баҳси шоир дар доираи як ғазал омехта мешаванд, чунки шоир дар ғазал ҳолати рўҳӣ ва хаёлоти худро дар вазъияти гуногун ва на аз рўи нақшаи муайяне тасвир менамояд.
Дар байни ғазалиёти шоир баъзан ғазалҳо низ дучор мешавад, ки бо ибороти дар гузашта бисёр маъмул сохта шудааст ва аз нуқтаи назари мазмун чандон аҳамиятнок нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё