Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агар гўем, ки ғазалиёти Хоҷу мисли як гузаргоҳест дар роҳи инкишофи ғазал аз Саъдӣ то ба Ҳофиз, шояд хато накунем. Дар ҳақиқат Саъдӣ устоди ғазал аст, Хоҷу санъаткорест, ки ғазалро бо роҳи вай инкишоф дода ба Ҳофиз расонидааст, Ҳофиз дар навбати худ, гуфтори гузаштагонро аз худ намуда, ғазалро ба дараҷаи «мўъҷиза» расонидааст. Аммо аз мўъҷизаи вай осори қудрати сухани Хоҷу бисёр ошкор аст. Ба қавли Забеҳулло Сафо «Хоҷу дар ғазалҳои худ шеваи Саъдиро асос қарор дода ва он гоҳ онро бо афкори ирфонӣ даровехта ва равише эҷод кард, ки Ҳофиз онро дунбол намуда комил
40 сохтааст».
Тадқиқотчиён бисёр ғазали Ҳофизро бо Хоҷу муқоиса намудаанд ва дар натиҷа як миқдор байте ба даст даромадааст, ки шабоҳати мисраъ, иборат ва маънӣ возеҳ аст. Вале баъзе аз тадқиқотчиён ақидае пеш меронанд, ки бо ҳама шабоҳати сухани Ҳофиз ба гуфтор ва шеваи Хоҷуи Кирмонӣ, номбурдаи дувум гўё як ғаласарои мутавассит буда ва ҳамеша, дар назари онҳо шогирд аз устод мусалламтар аст.
Шиблии Нўъмонӣ ба масъалаи мартабаи суханронии Хоҷу ва Ҳофиз амиқтар наздик шудааст. Дар тадқиқоти ў абёти мушобеҳ на танҳо зикр шудааст, балки дар бисёр ҷоҳо бартарӣ ва заъфи каломи ҳам Хоҷу ва ҳам Ҳофиз
41 таҳлил ёфтааст. Чунончи:
Хоҷу мегўяд:

Гар шудем аз бода бадноми ҷаҳон, тадбир чист?
Ҳамчунин рафтаст аз рўзи азал тақдири мо.

Ҳофиз мегўяд:

Дар хароботи муғон мо низ ҳамдастон шавем,
К-ин чунин рафтаст аз рўзи азал тақдири мо.

Дар ин байт Ҳофиз мисраи дувумро аз Хоҷу айнан иқтибос кардааст.
Дар мисраи якум, ҳамон навъе, ки Шиблии Нўъмонӣ қайд намудааст: «Хоҷа мазмуни Хоҷу ва низ алфози ўро дарҳам барҳам карда ва афсўс, ки … онро
42 беҳтар накардааст. Мисраи аввали Хоҷу барҷаста ва соф аст».
Хоҷу мегўяд:

Мо дили девона дар занҷири зулфаш бастаем,
Эй басо оқил, ки шуд девонаи занҷири мо.

Ҳофиз мегўяд:

Ақл агар донад, ки дил дар банди зулфаш чун хуш аст,
Оқилон девона гарданд аз пайи занҷири мо.

Шиблии Нўъмонӣ дар ин бора навиштааст, ки мисраи аввали Хоҷа зиёда соф ва равон аст, вале дар он як нуктаи мисраи Хоҷу мавҷуд нест: модоме ки оқилон гирифтори ин занҷир гаштаанд, гирифтор шудани девона ҳеҷ ҷои тааҷҷуб надорад. Зеро умуман девонагонро дар гузашта бо занҷир мебастанд.
Ба ҳамин ҷиҳат банд будани дили девона дар занҷири зулф як ҳолати табиист.

пешина
аз 235
навбатӣ