Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Саъдии Шерозӣ низ дар ҷумлаи шоирони дигар ашъори сухансароёни пешинаро дар эҷодиёти худ пайравӣ ва истифода намудааст, то он андозае, ки баъзан сатрҳои алоҳида ва ибороти дигарон бо тағйир додани баъзе калима, қофия ва ё вазн
37 дар ғазалиёти ў дохил шудааст.
Ҳамин равияи маълум, чӣ навъе ки зикр ёфт, дар эҷодиёти Хоҷу на ин ки камтар, балки бештар аз Саъдӣ (шояд баробари Ҳофиз бошад) мушоҳида карда мешавад. Ин ҷиҳати ғазалиёти Хоҷуро аз муосирони шоир Ҳайдари Шерозӣ дар як қитъаи худ зикр намудааст. Ҳайдари Шерозӣ, аз шуарои маддоҳи Абўсаид, ки дар вафоти ў (135) марсия гуфта, пас ба Шероз ба дарбори Абўисҳоқ (1341-1358) омада буд, бо Хоҷу рақобат дошт. Ҳангоме ки Хоҷу аз Кирмон ба Шероз, ба дарбори Абўисҳоқ раҳспиор гардид, ў дар ҳузури Абўисҳоқ қитъае дар ҳаҷви Хоҷу навишт, ки ин байт аз он ҷост:

Мабар дар пеши шоир номи Хоҷу,
Ки ў дуздест аз девони Саъдӣ.
Ва боз:

Хоҷуи дузди Кобулӣ аз шаҳри Кирмон мерасад,
38 Мўрест ў дар шоирӣ, назди Сулаймон мерасад.

Ҳаҷвияи Ҳайдари Шерозӣ ба зудӣ ба ҳама эълон шуд. Хоҷу ба ин ҳаҷвия чӣ навъ ҷавоб дода бошад ба мо ҳанўз маълум нест. Вале дар девони Хоҷу як ғазали 16 байтӣ ҳаст, ки аз аввал то ба охир шоир мисли як хитобномае ба ҳасудон ва рақибони ашаддиаш эҷод намудааст ва аз рўи баъзе қаринаҳо боварӣ ҳаст, ки манзумаи поин шояд ба ҳамон муносибат навишта шуда бошад:

… Хасми беоб агар инкор кунад табъи маро Оби дарё ба ароҷифи шумар кам нашавад.
Ҷам, агар аҳримане санг занад бар ҷонам, Қимати лаъли Бадахшон ба ҳаҷар кам нашавад.
… Душманам гар бигудозад зи ҳасад, гў: «Бигдоз», Ҷурфи куффор ба таъзиби тақар кам нашавад.
Гар гиё хушкмизоҷӣ кунаду таъна занад, Боғро ройиҳаи сунбули тар кам нашавад.
Чи ғам аз мунқасаби беҳунарон з-он, ки ба хубс Рифъату рутбаи арбоби ҳунар кам нашавад.
Гарчи ҳаст аҳли хирадро хатар аз бехирадон, Ҳиддати хотири доно ба хатар кам нашавад.
Суханамро чи тафовут кунад аз шўриши хасм, Ки ба ошўби магас нархи шакар кам нашавад.
Ҷавҳариро чӣ ғам аз таънаи ҳар муштарие, Ки бад-ин қиммати ёқуту гуҳар кам нашавад.
Макун андеша зи изои ҳасудон, Хоҷу Нутқи Исо ба вуҷуди дами хар кам нашавад.

пешина
аз 235
навбатӣ