Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Райхонака мегирем. Райҳон дар хонаи ман. Хоб кун, биргад.
Саидбек ба рӯи Нур чашм дӯхта табассум кард. Мехост ба ӯ ягон сухани хуш бигӯяд, навозиш кунад, аммо чизе ба забонаш намеомад.
– Нур, аз он нӯшокиат дигар надорӣ? – пурсид Саидбек.
– Ҳаст. Лекин нанӯш, сардор. Кӯҳистон намебардорад.
– Имтиҳон дар як рӯз ду бор намешавад.
Саидбек боз ҷуръае спирт ошомид, аз нону гӯшт тановул кард. Андак спиртро ба каф гирифта, ба ҷароҳати рӯяш, банди дастонаш молид. Ва дар рӯи алаф ёзид.
Нур чанд қадам дуртар бирафт то ба истироҳати сардораш халал нарасонад. Вай рӯ ба дарё нишаста, зери лаб пичир-пичир дуо мехонад. Сахт диндор аст Нур. Дар бригада бошад, вақти намози пешин нарасида, ба куҷое ғайб мезанад. Пас гӯшаи хилватеро ёфта ва мана ин рӯймол ё ягон матои тозаи дигарро ба рӯи сабза ё санглох паҳн карда намоз мехонад. Кори шитоб надошта бошад, баъди намоз ҳам муддате бо зикр машғул мешавад. Саидбек ҳам, Алексей, Собир, дигарон ҳам барои он ки ба ӯ халал нарасонанд, аз назараш дуртар рафта, худро ба коре андармон вонамуд мекунанд.
Аз канори деҳаи Хатак рӯзе даҳ бор бигзарад, дар пеши мазори деҳа ояте мехонад ва чанбари фармонро лаҳзае сар дода ҳатман ҳар ду дастро ба рӯй мекашад. Саидбек дар паҳлӯяш бошад, ҳамин ки ба панҷарадевори мазор наздик расиданд, даст ёзонида, чанбари фармонро медорад. Нур омин гуфта ба рӯи ӯ сипосгузорона назар медӯзад, гӯё бо забони ҳол мегӯяд, ки ба савоби дуо ту ҳам дохил мешавӣ.
Ҳарчанд ки туро аз лойи дигар сохтаанд, одами ганда нестӣ, барои ҳамин ба ту ҳам андак савоб мерасад Дар ин лаҳзаҳо дар замири дили Саидбек нисбат ба Нур ҳам эҳсосоти бародарона ба ҷӯш меояд, ҳам як навъ ҳиссиёти тараҳҳуми таассуфомез. Хайр, чӣ илоҷ? Нур саводи казоӣ надорад, мегӯяд дар дилаш ва дарҳол худ ба худ эътироз мекунад: гап дар савод ҳам нест. Касоне ҳастанд, ки фақат даҳ синфи мактаби муқаррариро хатм карданд, аммо аз оғозу анҷоми одаму олам огоҳанд. Ва баръакс, олимоне ҳастанд, ки мӯи сарашонро дар болои китоб сафед кардаанд, вале аз чӣ сабабе – ё аз шарм, ё аз бим – пинҳонӣ ибодат мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё