Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба ҳар оин, Нур одами хуб аст. Йигити асил, аз дил гузаронид. Ба феълу хӯяш мувофиқ хонааш ҳам пури бача, пур аз садои бача. Ёздаҳ писар, ба гуфтан осон. Калонаш дар синфи шашум мехонад, хурдиаш – дар гаҳвора. Ҳамин ки гап аз бачаҳои Нур сар шуд, додараш Умар мегӯяд: акаам дастаи футбол сохтанист. Ҳозир даста мукаммал шудааст, лекин бозингарҳои эҳтиётӣ ҳам даркор. Бе ин намешавад. Ҳамкорон ба ҳазлу мутоиба шарик мешаванд, ба қитики Нур мерасанд:
– Нур балоча. Сир бой намедиҳад.
– Беҳуда гуфтӣ. Ин хизмати янга. Акаи Нур, хафа нашав, лекин дар урфият занҳои бобараката болоихурмазой мегӯянд.
Нур хомӯш буд.
– Гап зан, Нур, аз таҷрибаат бигӯ, одам бахил намешавад, қоида.
– Аз гап чӣ фоида? Гап-катӣ бача мешавад? – мегӯяд Нур ва коҳ-қоҳи хандаи умум дар шахҳои атроф мепечад.
– Хайр, ана гапа мону аз кор бигӯ. Чӣ кор мекунӣ, ки занат ҳар сол якта писар мезояд?
– Перор дута зоида буд, – луқма медиҳад Умар.
Нур муддате ҳамчунон сокит табассум карда мешинад, баъд ҷавоб медиҳад:
– Собир дуруст гуфт. Янгаатон, умраш дароз шавад, зани бобаракат. Ба қавле доманам расад, обистан мешавад. Чанд вақт мегузараду мебинед, ки боз як полвон писар «ассалом, ота» гуфта, ба рӯи хона омадааст.
Саидбек дар бораи Нур ва дигар рафиқонаш фикр карда, ногаҳон хобаш бурдааст. Бедор шуда дид, ки офтоб боз баландтар баромадааст. Таги манаҳ ва сари синааш аз арақ тар шудааст. Аз сангҳои атроф ҳаври гарм бармехезад.
– Соат чанд? – пурсид ӯ аз Нур, ки чанд кадам дуртар аз ӯ нӯги танобро дошта меистод. Нур саволи ӯро нашунид. Ӯ бо касе ки дар поён буд ва ба назари Саидбек намерасид, гуфтугӯе дошт.
– А? Чӣ? – дод мегуфт Нур. – Не, поёнтар.
Саидбек ташна буд. Даҳонаш заҳр барин талх менамуд.

пешина
аз 248
навбатӣ