Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
БОҒБОНИ ХОСАКОРИ НАСР
Ҳар шахсияти адабӣ шарофату хосияте дорад ва дар ҳамин замина дар ёди ҳамқаламону шогирдон ва ҷомеа мемонад. Масалан: ҳамин ки қадами Боқӣ Раҳимзода ба Иттифоқи нависандагон мерасид, дар як лаҳза деги ҳазлу шӯхӣ ба ҷӯш меомад.
Бо муаллим Мирсаид Миршакар рӯ ба рӯ меомадед, ҳатман мепурсид: «Ягон асари нав навишта истодаӣ ё не?».
– Ҳо, кам-кам ҷумбуҷӯл дорем, – посух медодем.
– Асари нағз бо ҷумбуҷӯли кам-кам рӯи коғаз намеояд, – бо шакарханд мегуфт муаллим.
– Темаат чист? Дар бораи имрӯз навис. Гузаштаро устод Айниву Ҷалолхон хуб тагурӯ карданд… Баъд дастхатро биёр, ки ман хонам…
Аммо устод Фазлиддин Муҳаммадиев тамоман як олами дигаре доштанд. Инсони хушсурат, аз чеҳраашон нур мерехт, нигоҳашон гарми меҳрбор, ботамкину камгап, вале ширингуфтор.
Ба шиносҳо, – хоҳ адиб бошад, хоҳ аҳли касби дигар, – аз рӯи мушоҳида ягон сухани ба хӯву хислати эшон шинамро ёфта чунон бамаврид мепартофтанд, ки ба лаби каси, фаразан, хаставу аз ноомади кор асабӣ ҳам, ханда медавиду ба дили торикаш рӯшноӣ роҳ меёфт.
Устод аксар вақт ҷузъгири бузурге дар даст, андешмандона нарм-нарм қадамзанон ба Иттифоқ меомаданд. Вақеан мутолиа ва муҳокимаи дастхатҳо як бахши кори шӯроҳо ва нашрияҳои Иттифоқ ба шумор мерафт. Силсилаи шеъру ҳикоя, мақолаҳои алоҳидаро муҳокима мекарданд. Роману қиссаҳоро мешуд, ки ду-се бор гаштаву баргашта хонда, дар кӯраи андешаҳо пазонда, аз парвезани танқид гузаронда, ҷоеро бурида, ҷоеро дӯхта, сипас ба чоп иҷозат медоданд. Маҷмӯаҳои нахустини адибони навқалам низ бо ҳамин дастур аз имтиҳон гузашта, барои нашр роҳхат мегирифтанд. Ва мурод аз ин сахтгириҳо, ки дарси маҳорати адабӣ низ ба шумор мерафтанд, он буд, ки эҷодкор аз қадами аввал масъулияти сухан ва суханвариро эҳсос бикунад, аз ҷониби дигар, муҳити адабӣ ба навиштаҳои ӯ шинос шавад, баҳо бидиҳад. Устод Фазлиддин чун раиси Шӯрои насри Иттифоқ ба мутолиа ва муҳокимаи асарҳои нависандагон ниҳоят ҷиддӣ ва ғамхорона муносибат мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё