Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Роҳ гашта натавонам, асобағал мегирам, лекин ба назди Бузург албатта меравам. Ҳа, аз дафни бобо панҷ рӯз гузашту ба назари Саидбек гӯё пирамард ҳанӯз зиндааст, чашм ба дари боғ омадани ӯро нигарон аст, мисли он ки порсол мунтазир буд, чунон ки даҳ сол, бист сол пеш аз ин интизор буд.
Фақат гоҳ-гоҳе ба шуураш мерасид, ки ӯ дигар ба пешвозаш нахоҳад баромад, чунки дар Сочак, дар айвончаи қабр пайкари пирамард аз паси матои оҳариву лағжонаки кафан ба зери манаҳаш ях барин сард расида, дилаш таҳ кашида буд. Нур як бағал алаф овард ва ба рӯи санглох паҳн карда, ҷогаҳе сохт.
– Рафтан даркор, Нур. Беҳуда ташвиш кашидаӣ.
– Меравем. Ҳозир аз ду сар мошин нест. Новиков меояд, меравем.
– Дар куҷо вай?
– Ба шаҳр рафт.
– Ба шаҳр? Барои чӣ?
– Барои чияша маслиҳат кардем, биргад. Алёша, Собир аз ними шаб ин ҷо буданд. Фаҳмидӣ? Акнун хоб кун. Ба гузашта саловот бигӯю хоб кун.
Нур рӯ ба дигар сӯй гардонду хомӯш шуд. Чӣ хуш ки ӯ намурд. Дар умри боқимондааш агар фаразан кори казоӣ карда натавонад ҳам, фақат дидани рӯи одамони хуб, зиндагонии онон, табассуми онон худаш як давлати калон. Аҷиб, ҳаёт чӣ неъмати аҷоибест, ки дар дили одамизод ин қадар меҳр ғунҷонида метавонад. Бузург мегуфт, ки чанд маротиба ғайри ихтиёр мазаи хокро чашидааст. Талх аст, тунду шӯр аст он. Лекин бубин, ки аз дили ҳамин хок, мегуфт Бузург, чӣ гуна сабзаи латиф, чӣ хел палакҳои зумуррадгун, ниҳолакони хушрӯ мерасанд ва чунон меваҳои лазизу ширин меоваранд, ки ҳайрон мешавию худ ба худ савол медиҳӣ: ин қадар шаҳд аз куҷо пайдо шуд? Чӣ тавр пайдо шуд?
– Ман ба Сочак меравам, – гуфт Саидбек ба остини Нур даст расонида. – Ҳамин шаб бояд он ҷо бошам.
– Ҳама меравем, сардор. Хоб кун.
– Ҳама?
– Ҳа, ту, Нигор, Новиков, ман. Хоҳӣ, Умарро ҳам мегирем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё