Хуросон аст ин ҷо

Бо чунин назаре нигаристан ба Ғарб ва Русия на танҳо ба Сироҷӣ хос аст, балки бисёр маорифпарварони дигар низ аз ақибмондагӣ раҳоӣ ёфтани Осиёи Миёнаро алоқаманд ба фарогирии фарҳанги пешқадами аврупоӣ медонистанд ва умед доштанд, ки фарҳанги аврупоӣ пеши чашми мардуми Осиёи Миёма як дунёи нави ҷолиб хоҳад кушод, фикру андешаи тоза, тасаввуроти наве дар бораи ин ки зиндагӣ ва ҷомеа чи гуна бояд бошад, хоҳад овард. Аз ин рў барҷастатарин намояндагони адабиёти ҷадида Абдулқодири Шакурӣ, Беҳбудӣ, Аҷзӣ, Фитрат, Асирӣ, Айнӣ ва дигарон таблиғгари маданияти Аврупо буданд.
Чунонки мебинем, баррасии диққаткоронаи воқеъияти рўз ду самт дошт: аз як тараф воқеъияти иҷтимоъии кишвари худ ва аз сўи дигар кишварҳои Шарқу Ғарб, хусусан Русия ва Аврупоро таҳқиқ карданд. Ақидаҳои маорифпарварон дар асоси баррасии муқоисавии доманадори замони худ - баррасии низоми иҷтимоъиву сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии гуногун, ҳатто хилофи якдигар ташаккул ёфта буд. Нахустин бор дар таърихи афкори фалсафии Осиёи Миёна таҷрибаи иҷтимоъиву фарҳангии Русия ва Ғарб бо ҷиддияти тамом ба доираи назар даромада, дар ташаккули ақидаҳо нақше гузошт. Густариши чашмандоз, бартараф гардидани дарбастагии феодалӣ, ба чашми ибратҷўй нигаристан ба мардуме, ки фарҳанги гуногун ва дину оини мухталиф доранд, боиси камолоти фалсафаи иҷтимоъии маорифпарварон гардид.
Дигаре аз муҳимтарин хусусиятҳои маорифпарварии тоҷикӣ чи дар садаи 19 ва чи дар ибтидои садаи 20, ба хусус дар Бухоро ин буд, ки таҳқиқи пургустариш ва қиёсии воқеъияти рўз бо таҳқиқи таърих баробар идома дошт. Таърих аҳамияти вежа пайдо кард.
Нахуст Аҳмади Дониш ба таърихи кишвар муроҷиат намуд. Вай дар «Рисола» ном асараш гузаштаи наздик - таърихи сулолаи манғитияро бо амиқбинии таҳлилӣ ва сахтгўии танқидӣ аз назар гузаронид, он тарзи вилоятдориро, ки туркҳои манғитӣ рўи кор оварданд, асосан ғайри қобили қабул донист ва тарзҳои наве ҷуст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё