Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя

Эҳдо ба ҳамсари азизам Дилафрўз, ки қувваи дилу мадори танам аз дилафрўзиҳои ўст.
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ

САРСУХАНИ НАШРИ ДУВУМ

Китоби «Хуросон аст ин ҷо» бори нахуст соли 1996 ба хатти форсӣ ва соли 1997 ба хатти тоҷикии криллӣ чоп шуда буд. Он чоп ба ҳиммати Бунёди Оли Сомон ва сарвари он шодравон Абдулқодири Холиқзода, инчунин бо саховати Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва сарвари он - вақтаи он оқои Муҷтаҳиди Шабистарӣ суратпазир омад.
Банда «Хуросон аст ин ҷо»-ро дар солҳои 1992-1995 навиштаам. Он солҳо ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки талоши бародаркушӣ буд, авҷ ёфта, миллатро ба сўи худкушӣ мебурд ва кишварро хароб мекард. Андешаҳои ҷонкоҳе, ки аз ин фоҷиаи миллат пайдо шуда буданд, дар ин кттоб акс ёфтаанд.
Мақсад аз тадвини ин китоб он буд, ки шояд барои ин ки дар айни саргармии талошҳо миллатро ба худ оварем, як зарра ҳисса гузошта бошам.
Бархе аз масъалаҳое, ки дар ин китоб баррасӣ шудаанд, ҳанўз аҳамият доранд ва фардову пасфардо ҳам аҳамият аз даст нахоҳанд дод. Аз ин рў лозим дониста шуд, ки нашри дувуми онро омода созам.
Мутаассифона, ба сабаби пириву нотавонӣ ҳангоми омода кардани чопи дувуми ин китоб натавонистам онро ҷиддан аз назари вироиш бигзаронам. Матн фақат дар баъзе ҷойҳо андак қалам хўрд. Пешгуфтору пасгуфтор каме тағийр ёфт. Боби «Истилоҳот ва забони миллӣ» аз ин китоб бароварда шуд. Онро ба як китоби дигар, ки дар бораи имрўзи забони форсии тоҷикӣ омода кардан дорам, дохил мекунам.

аз 351
навбатӣ