Хуросон аст ин ҷо

Аз чизҳое, ки солҳои баъд навишта шуд, рисолаи «Ҳувияти фарҳангӣ ва ҷаҳонгароӣ»-ро ба китоби «Хуросон аст ин ҷо» илова кардам.
Албатта, пешгуфтори муфассали равоншод Лоиқи зиндаёд, ки барои чопи якуми ин китоб навишта буд, нигоҳ дошта шуд. Ин навиштаи Лоиқ мояи ифтихори банда аст ва намехоҳам, ки аз чопи нави китоб берун бимонад. Лекин лозим донистам ба шеъре дар бораи банда, ки Лоиқ дар охири ин пешгуфтор овардааст, таҳрирҳои баъдии ў (дар чопи рўзнома ва маҷмуаи ашъор) ба назар гирифта ва дохил карда шавад.
Бо хоҳиши баъзе аз дўстон лозим дониста шуд, ки китобчаи банда «Истиқлол ва худшиносии иҷтимоъиву маънавӣ» (1999, Душанбе, Оли Сомон) низ ба ин ҷилд илова шавад. Мақолаҳои ин китоб низ асосан дар ҳамон солҳои бўҳрон навишта шудаанд ва аз он солҳо зиёд нақш доранд.
Лекин боз ҳам бисёре аз масъалаҳое, ки он рўз матраҳ шуда буданд, имрўз ҳам муҳимманд ва ба назар мерсад, ки ба ин қарибиҳо аҳамият гум намекунанд. Бино бар ин нашри дувуми он лозим дониста шуд. Чопи дувуми ин китобча низ бидуни вироиши ҷиддӣ сурат мегирад.
Умед аст, ки хонандагони азиз, ки ба мавзўъҳои мавриди баррасӣ дар ин китоб алоқамандӣ доранд, андешаҳои худро баён мекунанд, то ки барои равшан шудани масъалаҳо кўмак карда бошанд. Эшонро пешакӣ сипос арз мекунам.
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ
2 - III - 2005

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё