Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аҳмади Дониш зарур донист, ки «низоми дували хориҷӣ дар ин давлат ҷорӣ шавад, яъне давлати салотини Мовароуннаҳр»1 ва ният дошт, ки «рисолае таълиф кунам, ки мураккаб бошад ба назми ўзбакӣ ва фарангӣ»2 ва асаре ба номи «Рисолаи низомия» навишта, «низоми мураккаб ба русӣ ва ўзбакӣ»-ро баён намуд.3 Таърих диққати ҳама пайравони Аҳмади Донишро ба худ кашида буд. Мирзо Азими Сомӣ (1837-1909), Абдуррауфи Фитрат, Садриддини Айнӣ дар таърих асарҳое таълиф карданд, Шарифҷонмахдуми Садри Зиё чанд рисолаи таърихӣ навишта мазмуни баъзе таърихномаҳои машҳурро хулосатан баён намуд ва ба баъзе таърихномаҳои нодири давраи охир иловаҳои муҳим даровард.
Муроҷиат ба таърих - ҳодисаи қонунманде дар даврони таҷаддуди ҷомеа мебошад. Мақсад аз рў овардан ба таърих амиқтар сар фурў бурдан ба моҳияти зиндагии кунунист. Аз таърих ба пурсишҳои рўз ҷавоб меҷустанд, решаҳои амиқрафтаи масъалаҳои замонро пайдо кардан мехостанд. Бовар доштанд, ки нурафкани таърих роҳи имрўзу фардоро то андозае равшан хоҳад кард.
Таҳқиқи воқеъияти муосир бо бисёре аз алоқамандиҳои дохилию хориҷӣ ва шарқию ғарбии он ва ба ҳам овардани ин таҳқиқ бо баррасии таърих доираи биниши маорифпарваронро бештар густариш дод, пояҳои афкори иҷтимоъиву фалсафии онҳоро устувор намуд.

1 Иқтибос аз: Р. Ҳодизода. Аҳмади Дониш. - Душанбе, 1976, саҳ. 58.
2 Аҳмади Дониш. Наводир ул-вақоеъ, қ. 2. - Душанбе, 1989, саҳ. 110.
3 Аҳмади Дониш. Рисола. «Сарват». -Душанбе, 1992, саҳ 83.

пешина
аз 351
навбатӣ