Хуросон аст ин ҷо

Шавқу ҳавас нисбат ба фарояндҳои иҷтимоъиву сиёсии гузашта фақат як ҷиҳати таърихияти назари Аҳмади Дониш, боз ҳам ҷузъи ҳаҷман камтари он буд.
Дар эҷодиёти Аҳмади Дониш навъи дигари таърихият - дигар як ҷанбаи назари таърихӣ, ки онро биниши таърихии маънавӣ метавон номзад кард, ба ғоят борвар омад. Фарҳанги маънавии миллат ва таърихи он бештар аз ҳама мавриди андешаҳои ў қарор ёфта буд.
Вай бо биниши таърихии фарохгире масъалаҳои фарҳанги маънавиро аз давраҳои аввали исломият то садаи 19 аз назар гузаронидааст. Умдатарин масъалаҳои бунёдии ислом, таърихи фалсафа, тасаввуф, фиқҳ калом, ахлоқ ва ғайра дар «Наводир-улвақоеъ» баррасӣ шудааст. Вай баъзан ба ақидаҳои фалсафӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоъиву сиёсии имом Ғазолӣ, Алии Ҳамадонӣ, Насириддини Тўсӣ, Хоҷа Аҳрор, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил ва дигарон муфассалан таваққуф менамояд, ҳамеша аз осори Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз ва мутафаккирони дигаре иқтибос меорад.
Ин ҳама таваҷҷўҳе, ки Аҳмади Дониш нисбат ба гузашта дорад, нишон медиҳад, ки ў фақат нисбат ба ақидаҳои баъзе андешапардозон, фақат нисбат ба чанде аз гароишу тамоюлоти замонҳои гузашта алоқамандӣ зоҳир накардааст, балки бисёре аз таълимоти фалсафӣ ва фарҳанги маънавии асрҳои пешин ҷамъан ва ба яклухтӣ мавриди мулоҳизоти ў қарор ёфтааст. Ба назар мерасад, ки Дониш баъзе аз риштаҳои асосии рушди маънавии миллатро дар чандин аср саросар ба андеша гирифта ва мувофиқи дархости замони нав аз назар гузаронида, хулосаҳои умумӣ баровардан ва ҷамъбаст кардан мехоҳад. Андешапардозиҳои Аҳмади Дониш хусусияти ҷамъбандӣ дорад.
Бешак, ҳаргиз тасодуф нест, ки Аҳмади Дониш ба осори Мирзо Абдулқодири Бедил эҳтироме вежа дошт. Вай навиштаҳое дорад, ки фақат аз тафсири баъзе байтҳои Бедил, аз таҳлили баъзе рубоъиёти ў, ки аз фаҳм дур аст, аз тавзеҳи бархе аз ақидаҳои фалсафии вай иборатанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё