Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сабаби асосии ин ихлосу эҳтироми Дониш нисбат ба Бедил шояд он аст, ки Бедил низ дар садаи 18 кўшиш дошт асосҳои фалсафаи ҳастӣ, тамоюлоти умдаи рушди маънавии олами ислом ва Ҳиндро бо чашмандози густурда фаро бигирад ва дарк бикунад. Ба гумони қавӣ ҳамин фарохбинӣ ва хусусияти ҷамъбастии назари фалсафии Бедил боиси таваҷҷўҳи вежаи Аҳмади Дониш шуда буд. Осори Бедил барои ин ки андўхтаҳои маънавии асрҳо тибқи дархостҳои рўз аз нав дарк шавад, ба Аҳмади Дониш ёрмандӣ мекард.
Кўшиши ҷамъбасту натиҷагирӣ ва таҷдиди назар дар мавриди таърихи гузашта аз муҳимтарин нишонаҳои ҳар давраи нави таърих ё наздик расидани он аст. Ин, ки таҷдиди назар ва ҷамъбасти таърихӣ аз кадом дидгоҳе сурат гирифт, аз таърих чиҳо ҷустанд ва ба кадом пурсишҳо посух хостанд, гоҳ баъзе хусусиятҳои давраи нав ва мазмуну мўҳтавои иҷтимоъиву маънавии онро таъин мекунад. Пурсишҳое, ки аз таърих мекунем, одатан ҳангоми таҳқиқи фарояндҳои иҷтимоъии муосир, ҳангоми ҷустани решаи онҳо пайдо мешаванд, аз хоҳиши фаҳмидани чигунагии рафти минбаъдаи замон, аз хоҳиши равона кардани он ба ҷараёни матлубе сар мезананд. Дар ин маврид рафти таҳқиқи таърихӣ ва натиҷаҳои ин таҳқиқ вобаста ба он хоҳад буд, ки аз даврони кунунӣ чиро муҳимтарин масъалае ва чизи асосӣ медонем, аз он чи суолҳое берун меорем ва ба таърих менигаронем.
Ба ин муносибат ба таъкид бояд гуфт, ки Аҳмади Дониш ва баъзе пайравони ў муҳимтарин хусусиятҳо ва вежагии воқеъияти иҷтимоъии муосири худро дуруст муайян карда буданд ва аз ин ҷо имкон ба даст оварданд, ки аз таърих ҷиддитарин пурсишҳое бикунанд, посухҳои пухта бигиранд ва дар ин асос вазифаҳои муҳимме пеши аҳли ҷомеа бигузоранд.

пешина
аз 351
навбатӣ