Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Пас он масъалаи асосӣ, ки Аҳмади Дониш ва дигар маорифпарваронро ба бозҷустҳои таърихӣ бурда буд, кадом аст?
Маълум аст, ки Аҳмади Дониш дар асарҳояш инкишофи иҷтимоъии Бухорои замонашро хеле бо вусъат инъикос додааст ва инро муҳаққиқон ҳамаҷониба қайд кардаанд. Фитрат ҳам дар оғози қарни бист дар китоби «Мунозира» (1911) ва «Баёноти сайёҳи ҳиндӣ» (1912) муносибатҳои иҷтимоъиву иқтисодиро амиқан таҳлил карда, вазъи саноати пешаварию косибӣ, кишоварзӣ, фарҳангро як-як нишон дод. Як фарқи маорифпарварони Бухоро аз ҷадидони Туркистон он аст, ки масъалаи давлатдорӣ ва низоми давлатиро низ аз чанд ҷиҳат мавриди баррасӣ қарор доданд. Бисёр масъалахои дигаре, метавон гуфт, ки ҳар чи ба ҳаёти онрўзаи халқу кишвар дахл дошт, ҳама ба доираи диққати маорифпарварон даромадааст.
Аз ин миён масъалае ҳаст, ки ба хусус диққати маорифпарварони Бухороро бештар аз ҳама ба худ кашида, ҳамаҷониба баррасӣ шудааст. Ин ҳам масъалаи маънавият аст.
Масъалаи асосии эҷодиёти Аҳмади Дониш ва Абдуррауфи Фитрат масъалаи ҳастии маънавии инсон ва ҷомеа мебошад.
Аз ҳамин сабаб аст, ки Аҳмади Дониш аз таърих бештар ба фарҳанги маънавӣ - асосҳои ислом, таърихи фалсафа, калом, ирфон, ахлоқ ва монанди инҳо, ба таълимоти Ғазолӣ, Алии Ҳамадони, Ҷомӣ, Бедил ва ғайра диққат дода буд. Назариёти фалсафию ахлоқии худи ў дар натиҷаи ҳамин баррасии роҳи чандинасра ва таҳлили тамоюлоти иҷтимоъиву ахлоқии замони муосир ташаккул ёфтанд.
Мақсад аз он ҷўяндагиҳои Аҳмади Дониш ин буд, ки шахс ва ҷомеа ба худшиносии маънавӣ бирасанд ва «халқ бидонанд, ки

барои чи омаданд ва бар чи буданд ва чи карданд».1 Мақсад таъмини худогоҳии маънавии миллат буд.

пешина
аз 351
навбатӣ