Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Алҳақ, дида ба ҳоли худ ва ҳоли ҷаҳон бояд кушод, то моҳияти ҳастӣ аён гардад. Тааммуқписандӣ дар мавриди огоҳӣ аз ҳоли худ ва дигарон ба сари худшиносӣ меорад ва роҳи ислоҳи кори худ намоён месозад.
Абдуррауфи Фитрат низ худогоҳии маънавиро мақсади асосӣ медонист. Вай гуфтааст: «Ҳаёт амри маънавист… ва барои ин ки дар хусуси осори ҳаётияи банӣ-одам фикре пайдо кунем, бояд ба таърихи башарият муроҷиат намоем».2 Чанде пештар аз ин ў хонандагонро даъват карда буд, ки «ба таърихи аслофатон руҷўъ намоед»3 ва ҳамоно таърихи рушди маънавии миллатро дар назар дошта, қариб дар ҳар асаре, хусусан дар «Раҳбари наҷот» (1915) такя ба таърих оварда ба ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҷомеа пардохтааст.
Идеалҳои иҷтимоъии равшангарони барҷастаи тоҷик аз ҳамин дарки амиқи бунёди маънавии ҳастии инсон ҳосил шуда буд. Онҳо ҷомеаи ояндаро низ аз ҳамин дидгоҳи маънавӣ медиданд ва мехостанд, ки марҳилаи тозаи таърихи халқҳои Осиёи Миёна даврони пирўзии маънавият бошад: Вазифае, ки равшангарон дар садади иҷрои он буданд ва ҷомеаро ба иҷрои он сафарбар кардан мехостанд, устувор намудани пояи маънавии зиндагонӣ буд.
Бисёр мебинем, ки маорифпарварон дар навиштаҳои худ аз паст рафтани маънавият дар ҷомеа, аз ривоҷ ёфтани бемаънавиятӣ шикоят мекунанд. Ин аст, ки рў овардан ба таърих аз хоҳиши бозгаштан ба оғозгоҳҳои маънавӣ, расидан ба асли маънавии худ зарур омада буд, то ки давраи навини таърихи миллат аз аввал поя бар маънавияту ахлоқи аслӣ дошта бошад.

1 Аҳмадин Дониш. Наводир ул-вақоеъ, қ. 2, саҳ. 284.
2 Фитрат. Раҳбари наҷот, «Садои Шарқ», 1992, № 7-8, саҳ. 21.
3 Фитрат. Мунозара. - Душанбе, 1992, саҳ. 19.

пешина
аз 351
навбатӣ