Хуросон аст ин ҷо

Вобаста ба ин дар эҷодиёти Аҳмади Дониш, чунонки дар адабиёти маорифпарварии бисёр халқҳо дида мешавад, мавзўъи сайру саёҳат мавқеъи муайян пайдо кард. Тасвири сафарҳои хориҷӣ ва аҷоиботи кишварҳои дуру наздик дар чанд ҷои «Наводир-улвақоеъ», масалан, дар бобҳои 5,6,7,8 ба назар мерасад. Ин тасвирҳои Аҳмади Дониш ба ривоҷи жанри бостонии сафарнома мусоидат кард. Асари Раҳматуллоҳи Возеҳ «Савонеҳ-ул-масолик ва фаросих-ул- мамолик» (1887) ва Мирзо Сироҷи Сироҷӣ «Туҳафи аҳли Бухоро» (1910) ва ғайра ба вуҷуд омад. Асари Абдуррауфи Фитрат «Баёноти сайёҳи ҳиндӣ» (1912) шакли «сафар дар ватан»-ро дорад. Бо ин асарҳо беҳтарин анъанаҳои жанри сафарнома давом ёфт: на аҷибу ғариб ва рўйдодҳои хориқулъода, балки чигунагии тарзи зиндагии мардум ва маъмулоти кишварҳои гуногун дар маркази диққати муаллифон қарор ёфтааст, ки ба диди мардуми Бухоро аҷиб менамояд. Диққати Аҳмади Донишро вежагиҳои тафаккури русҳо ва аврупоиён, симои ахлоқии онҳо ва тарзҳои кишвардорӣ ба худ кашидааст. Мирзо Сироҷи Ҳакими Сироҷӣ ба тасвири батафсили тартиботи иҷтимоъии кишварҳои Шарқу Ғарб ва муқоисаи ин тартибот бештар диққат дода, аз фарҳанги кишварҳои Аврупо, ки дар Вена, Будапешт, Берлин, Порис ва Лондон дида буд, ба ваҷд омада, бо ҳайрату мафтунӣ қалам рондааст. Ободиву зебоӣ ва тартиботи шаҳрҳои Аврупо, одоби муомилаи мардуми он ва ғайра дар назари Сироҷӣ ғайриодӣ ва боварнокарданӣ буд ва онро на бо назари бегонагӣ, балки бо хайрхоҳӣ тасвир карда, ҳарчи некӣ ва нишонаҳои одамияти баланд дида бошад, таъкидан ба тасвир овардааст. Вай аз таассуби динӣ дур аст. Муносибати ў ба он чи дар Аврупо дид, аз ақли салим, аз кўшиши донишандўзӣ ва дороиафзоии ботинӣ сарчашма гирифтааст, муносибати қадршиносонаи як марди фарҳангӣ ба тамаддуни баландест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё