Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Он гоҳ ки Бухоро зери ҳукми русҳо даромад ва муносибатҳои тозаи иҷтимоъиву иқтисодӣ оғоз ёфта, роҳе ба сўи як давраи нави таърихӣ аз дур намоён шуд, Аҳмади Дониш ба андўхтаҳои афкори фалсафӣ такя оварда, ба таҳлили ҳартарафаи рўйдодҳои воқеияти иҷтимоъӣ ва равандҳои таърихӣ пардохт. Вай бо пайдо овардани моҳияти руйдодҳо, бо дарки фалсафии вокеъияти рўз фардои эҳтимолиро пай бурдан хост, то ба мазмуну мўҳтавои иҷтимоъиву маънавии ҷомеаи оянда таъсир расонад, ояндаро ба ҷараёни матлуб равона созад.
Тадқиқи бадеъии Дониш бештар доғтарин масъалаҳои ҳаёти иҷтимоъӣ ва ахлоқу одоби муосирони худро дахл кардааст ва бо нозукбинии реалистӣ анҷом ёфтааст. Устод Айни таъкиде дорад, ки чун соли 1901 ба шарофати ғамхориҳои Садри Зиё (1865-1932) нахустин бор бо китоби Аҳмади Дониш «Наводир-ул-вақоеъ»
шинос шуд, гуфтааст, ки он ҷо рўйдодҳои воқеъии замонро «бо тасвири реалӣ - бо тасвире, ки худ дар зиндагӣ дида будам, дидам»1.
Ба пиндори мо ҳақ ба ҷониби он адабиётшиносон аст, ки осори адабии Донишро ба реализми маорифпарварӣ нисбат додаанд.
Тасвири воқеъияти Бухоро, манзараҳои назаррабои зиндагии мардумони Русия, назари диққаткорона ба урфу одат ва тасаввуроту ақидаҳои аврупониён, ки дар навиштаҳои Аҳмади Дониш мебинем, барои муқоисатан аз назар гузаронидани шароити иҷтимоъии мухталиф имкон фароҳам овард. Чашмандози Дониш пургустариш ва ҳамаҷўй буда, ҷомеаи Бухоро ва баъзе ҷиҳатҳои ҳаёти кишварҳои дигарро фаро гирифтааст. Дар «Ҳикояти Ҳоҷӣ» яке аз персонажҳо, ки фарангист, мегўяд: «Моро аз лавозим аст, ки таҳқиқи милали аҳли олам кунем ва сара аз сақат маълум кунем».2 Ин аст, ки Аҳмади Дониш фарқ кардани сара аз

1 С. Айнӣ. Куллиёт, ҷ. 7, саҳ 445-446.
2 Аҳмади Дониш. Наводир ул-вақоеъ, қ.1. - Душан6е, 1988, саҳ. 153.
сақат, яъне шинохти ҳақиқатро вобаста ба густариши нигоҳ ба фарогирии «милали олам» медонад, паси сар кардани маҳдудбинӣ ва дарбастагии феодалиро яке аз шартҳои расидан ба ҳақиқати зиндагӣ мешуморад.

пешина
аз 351
навбатӣ