Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мо бояд бидонем, ки маорифпарварон масъалаҳоеро, ки замони бўҳронии охири садаи нуздаҳ ва оғози садаи бист пеш мегузошт, чи тавр ҳал кардаанд, чи фикрҳое пеш рондаанд, чи идеалҳое, чи хадафҳое доштаанд. Посухи ин пурсишҳо барои имрўзи мо зиёда зарур аст.
Таърихи тоҷикони Мовароуннаҳр чунон омад, ки дар сарнавишти онҳо оғози садаи бист дар анҷоми он такрор шуд.
Албатта, на айнан, балки аз баъзе ҷиҳатҳо моҳиятан таърих такрор ёфт. Мо дар охирин даҳаи қарни бист боз дар оғозгоҳи роҳи нави таърихӣ қарор гирифтем ва масъалаи интихобкорию гузиниши таърихӣ пеш омад. Мо ҳоло ба пурсишҳое аз ин қабил бояд посух биҷўем, ки ба кадом роҳе бартарӣ бидиҳем? Барои имрўзу фардои мо чи бояд авлавияту афзалият дошта бошад?
Маорифпарварон низ андаке пештар аз ин ва дар шароити наздик ба имрўз маҳз ба чунин суолҳое ҷавоб ҷустаанд. Пас ҳатман бояд бубинем, ки онҳо чи посухҳое ёфтаанд.
Чун аз ин дидгоҳ ба мероси маорифпарварони тоҷик менигарем, аз ҳама пештар мебинем, ки ба масъала бо ҷиддияти тамом ва бо ниҳояти амиқбинӣ, аз роҳи дарки фалсафии моҳияти замони худ ва масъалаҳои ояндаи миллат наздик шудаанд. Кўшише дар роҳи шинохти фалсафии замон муҳимтарин нуқтае дар маорифпарварии тоҷикист. Маорифпарварии тоҷикӣ пеш аз ҳама таълимоти фалсафист, ки асосҳои маънавию ахлоқии ҷомеа ва фардои онро меҷўяд, таҳкурсии илмию назарии як эҳёи миллиро пайгузорӣ мекунад. Ва баъзе аз маорифпарварон бештар рў ба сўи фардо доштанд, ғами фардоро бештар аз ғамҳои он рўзи худ мехўрданд.
Мутаассифона, чунин тамоюли маорифпарварии тоҷикӣ ҳануз амиқан дарк нашудааст.

пешина
аз 351
навбатӣ