Хуросон аст ин ҷо

Ба ҳар ҳол соҳибдилон бовар доштанд, ки «муҷаддиди миа» - навсози сада, марди забардасте, ки дар ҳар сад сол падид омада ойини исломро тоза мекунад, пайдо хоҳад шуд ва «дину давлатро зиё ва баҳо (равнақу зебоӣ) бахшад ва назми мамлакат тоза гардад». Аҳмади Дониш пайрави он ақида буд, ки «чун олам фасод аст, вақте ки харобӣ дар мизоҷи иқлиме ғалаба кард, (Худованд) боз касонро барангезонад, то ҷаҳонро обод доранд ба адлу инсоф».2 Аҳмади Дониш ва ҳамназарони ў аз таърих хабар доштанд ва огоҳ буданд, ки мардуми тоҷик чандин бор аз зери харобазори таърихи пуршўри худ сар боло карда ва қомат рост намуда, роҳи тараққӣ пеш гирифтааст ва акнун боз чунин қудрату қобилият намоиш хоҳад дод.
На танҳо андешапарварони нозукбини тоҷик, балки баъзе мушоҳидагарони хориҷӣ низ пай мебурданд, ки давраи наве дар таърихи ин халқ наздик мерасад. Чунончи таърихшиноси рус Н.
Павлов дар китоби «Таърихи Туркистон», ки соли 1910 чоп шуд, дар бораи тоҷикон гуфтааст: «Ман ин сатрҳо гоҳе ба қалам меоварам, ки мо дар арафаи эҳёи нави ин миллати хушқобилият ва ҷонсахт ҳастем».3 Ин аст, ки дар ҷомеа умеди таърихӣ пайдо шуда буд.
Равшангарон ба пешвози ояндаи неке, баъзеҳо ҳатто ба пешвози эҳёи миллӣ камар баста буданд ва мехостанд фикрҳоро ба ҷавлон оварда, фардои таърихиро тарҳрезӣ кунанд.
Аз ин рў имрўз - дар оғози садаи бисту як дар даврони истиқлол, ки як истиқлоли тўфониву бўҳронист, бояд бидонем, ки маорифпарварони мо ҷомеаи оянда, ҷомеаи ормонии худро ба чи
1 Аҳмади Дониш. Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони Манғития, «Сарват». - Душан6е, 1992, саҳ. 75.
2 Ҳамон асар, саҳ. 51.
3 Н. Павлов. История Туркестана (Таърихи Туркистон). - Тошканд, 1910, стр 11.
ранг мехостанд бубинанд, онро аз рўи хосту ниёзи замон, аз рўи табъу завқи миллат чи тарз тарҳрезӣ мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё