Хуросон аст ин ҷо

Соли 1867 Бухоро дар ҷанги Русия шикаст хўрд ва тобеъияти куллӣ ба Русияро ба гардан гирифт. Ба ин тариқ тамоми Мовароуннаҳр ба тасарруфи Русия даромад.
Бо ҷорӣ шудани ҳукми Русия дар Фарорўд ҳамлаи кўчиён қатъ гардид ва ҷангҳои дохилӣ тавон гуфт, ба охир расид. Дар ҷомиа оромии нисбӣ барқарор шуд. Агарчи мулк хароб ва халқ бенаво буд, баъзе равандҳои нави иқтисодӣ ва умеди беҳбуд пайдо шуд.
Осиёи Миёна, аз ҷумла Бухоро ба ҷараёни баъзе фарояндҳои иқтисодии Русия кашида шуд. Кишваре, ки чанд сад сол боз гўё ҷудо аз ҷаҳон ба дарбастагӣ мезист, кам-кам ба воситаи Русия ба ҷаҳон робита пайдо кард. Ҳарчанд Осиёи Миёна манбаъи моли хоми саноати Русия буд ва зулми мустамликадорон сахт монеъи пешрафт омад, ба ҳар ҳол ҳатто дар Бухоро, ки муносибатҳои феодалии доқиёнусӣ устувор буд, насими замони наве вазидан гирифт ва пеши чашми дурбини маорифпарварон уфуқҳои тозае намудор омад. Аксари онҳо медиданд, ки давраи наве дар таърихи миллат наздик мерасад ва мехостанд фаро расидани онро суръате бахшанд.
Соҳибназарони нимаи дувуми садаи нуздаҳ воқеияти пурдаҳшати замонро қатъиян рад карданд. Аҳмади Дониш ба чашми худ дида буд, ки «умури миллатию давлатӣ ихтилофи куллӣ ёфта, осудагӣ аз миёни фуқаро карона гирифт» ва ҳоли кишвар аз «амирони ҷоҳил ва олимону сипоҳиёни гумроҳи ғофил» ба табоҳӣ кашид. Инсонпарварон наметавонистанд чунин воқеиятро қобили қабул, қобили муросо донанд. Вале онҳоро умед тарк намекард ва «ҳар касе барои таҷдиди давлату миллат чашм медарид, лекин асаре боздид намегардид».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё